ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЭРОН ВИЗАРО БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН РАСМАН БЕКОР КАРД, ВАЛЕ БО 4 ШАРТ

Муаллиф: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҳайати вазирони Эрон рӯзи 30-юми июи соли 2024 номаи тасвиби лағви раводид бо Тоҷикистонро имзо ва расонаӣ кард. Дар ин бора аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. 

Бар асоси ин номаи тасвиб, вазорати корҳои хориҷаи Эрон муваззаф шудааст, ки муқаррароти лағви раводид миёни ҳукумати Эрон ва ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кунад. 

Шартҳои Эрон

Дар ҳамин ҳол, Эрон низоми раводидро бо шартҳои зеринро лағв кардааст:

– тӯли будубош: 30 рӯз;

– тарзи сафар: танҳо сафари ҳавоӣ;

– масир: аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс;

– шарти амали мутақобила: дар сурати амали мутақобилаи ҳукумати Тоҷикистон;

Рӯзи лағви низом муайян мешавад

Аз вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” лағви раводидро тасдиқ карданд ва гуфтанд, “масъалаҳои ҳуҷҷатгузориву муқаддамотӣ дар ВКХ Эрон баррасӣ мешавад ва пас аз он ВКХ расман огоҳ карда мешавад”. 

Таъкид гардид, ки танҳо баъди ба анҷом расидани масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, рӯзи ба иҷро даромадани лағви низоми раводид муайян ва бо мактуби расмӣ ҷониби Тоҷикистон огоҳ карда мешавад. 

Яке аз охирин ташаббусҳои Иброҳим Раисӣ

Ба иттилои сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ҳайати вазирони Эрон ҳанӯз дар замони зинда будани раиси ҷумҳури қаблӣ Иброҳим Раисӣ номаи лағви раводид миёни Тоҷикистону Эронро ба имзо расонидааст.

“Аммо аз сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш бо марҳум Иброҳим Раисӣ ин масъала то рӯзи 1-уми июл ба таъхир афтод ва кунун нусхаи номаро ба ниҳодҳои марбута, аз ҷумла ба мақоми муаззами раҳбарӣ, дастгоҳи раисҷумҳур ва вазорати корҳои хориҷа равон карданд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло вазоратҳои корҳои хориҷаи Эрону Тоҷикистон масъалаҳои муқаддамотии иҷроро баррасӣ мекунанд.

 

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Иброҳим Раисӣ ва Эмомалӣ Рахмон


Таърихчаи пешбинии лағви низоми раводид

Таърихи пешбинии лағви низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон ба сафари охирини расиҷумҳури марҳуми Эрон Иброҳим Раисӣ ба Душанбе мепайвандад. Моҳи ноябри соли 2023 дар ҷараёни сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид ба имзо расида буд.

Он вақт гуфта мешуд, ки лағви раводид барои як моҳ дар назар аст ва он пас аз гузаштани расмиёти дохилӣ, эҳтимолан баъди як моҳ, расман ҷорӣ мегардад. Аммо то ҳол он аз расмиёти дохилии ду кишварро пурра нагузаштааст.

Ин санадро аз ҷониби мо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард ва ҷузъиёти онро махзани ягонаи иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр намуд.

Дар он ҳадафи лағви раводид рушди муносибатҳои дӯстона миёни мардумони ду кишвар гуфта шудааст.

Сафари бидуни раводид бо мақсадҳои тиҷоратӣ, корӣ, сайёҳӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон имконпазир аст. Аммо шаҳрвандони ду кишвар, ки барои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва матбуотӣ мехоҳанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд, бояд раводид бигиранд.

Ғайр аз ин, яке аз шартҳои асосӣ ин аст, ки шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандон бояд на камтар аз 6 моҳ эътибор дошта бошад.

Манбаъ: Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button