ВидеоФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ МАЪРУФИ ОПЕРАИ ТОҶИК АДҲАМ ХОЛИҚОВ

Адҳам Холиқов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, овозхони маъруфи операи тоҷик, рӯзи 3 июли соли 2024 дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод. Адҳам Холиқов қариб тамоми умри эҷодиашро дар саҳнаи ҳамин театр сипарӣ кард.

Театри опера ва балет дар сӯги ин маъруфтарин ситораи операи муосири тоҷик навишт: “Дӯстон, мо хабари ғамангез гирифтем. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон, садои тиллоии саҳнаи ватанӣ АДҲАМ ХОЛИҚОВ ин дунёро тарк гуфт. Ба пайвандону наздикони Ҳунарманди барҷаста, ки умри пуршуӯри худро барои хидмати ҷонфидоёна ба Мелпомена бахшид, аз самими қалб изҳори таслият мекунем. Овози ҳеҷ гоҳ хомӯшнашавандаи ӯ дар қалбҳои мо ҳамчунон садо хоҳад дод…”

 Иттиҳодияи Гуруҳҳои консертии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Фейсбук  марги ин ҳунарманди маъруфро бо як ҷумлаи кӯтоҳ тасдиқ кард: “Устод Адҳам Холиқов-ҳам моро тарк карданд”.

Дар бораи иллати марги овозхони маъруф чизе гуфта нашудааст, вале даҳҳо нафар дар зери хабари маргаш ба наздикони Адҳам Холиқов таслият гуфта,  даргузашти чунин овозхони нотакрор ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшударо талафоте сангин ва ҷубороннопазир барои  фарҳанг, бавижа операи тоҷикӣ номидаанд.

Адҳам Холиқов 7 майи соли 1948 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, соли 1970 Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1979 Консерваторияи давлатии шаҳри Маскавро хатм кардааст. Аз соли 1970 то 1980 дар Маскав дар ансамбли “Красная звезда” ҳунарнамоӣ карда, баъди хатми Консерваторияи Маскав ба Тоҷикистон баргашт ва  аз соли 1980 то дами маргаш овозхони театри опера ва балети ба номи Айнӣ буд. Адҳам Холиқов дар беш аз 30 опера нақш офаридааст.

Нақшҳои аз ҳама мондагори ӯ Онегин дар операи« Евгений Онегин» Пётр Чайковский, Ренато («Бал-маcкарад» Ҷузеппе Верди), Фигаро (“Сартарош аз Севиля”, Ҷ.Россини), Беҳзод дар операи “Айнӣ” аз  Шарофиддин Сайфиддинов, Салим, дар “Қишлоқи тилоӣ» аз Дамир Дӯстмуҳаммадов, Содиқ дар операи «Бозгашт» аз Ёқуб Сабзанов, Арсений дар операи «Ғуломон» аз Толиб Шаҳидӣ ва нақши Восеъ дар операи “Фарёди гузаштаҳо” аз Талабхӯҷа Сатторов буд.

Адҳам Холиқов ҳамчунин дар саҳнаҳои машҳуртарин театрҳои операи дунё, аз ҷумла дар Маскаву Петербург ва Венаву Милан ҳунарнамоӣ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button