ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР НУРОБОД ЯК РОНАНДАРО СЕЛ БУРД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистони Рашт (Қаротегин) чандин сел фурӯ рехта, боиси аз хонаҳояшон кӯчондани беш аз 200 сокин шудааст. Дар ноҳияи Нуробод як ронандаро сел бурдааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 1 июли соли 2024, тахминан соати 11:30 дар деҳаи Сари Пӯлаки ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод сел як мошини тамғаи «Опел-Зефира»-и сокини деҳаи Ҷавчиро зери об кард. Ба онҳо муяссар шуд, ки ду кӯдак, як зан ва як мардро аз мошин берун кунанд. Мутаассифона, ронандаро сел бурд. Дар натиҷаи талошҳои муштарак ҷасади ронанда дар 4 километр поёнтар аз маҳалли ҳодиса пайдо ва ба наздиконаш супурда шуд.

Рӯзи 1 июли соли 2024 дар деҳаи Дашти Марзо, ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод сел ома два он ба 10 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон, боғҳо ва роҳҳои байни деҳаҳо зарар расонд. Корҳо барои бартараф анмудани паёмадҳои офат оғоз шудааст. Талафоти ҷонӣ нест.

Тибқи иттилои бахши КҲФ дар минтақаи Рашт, 1 июли соли 2024, соати 10:40 дақиқа бар асари боришот дар деҳаи Шулонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи Рашт сел роҳи Душанбе-Ваҳдат-Раштро муваққатан баст. Дар бартараф кардани оқибатҳои ин сел техника ва кормандони хадамоти роҳи ноҳия ҷалб карда шудан. Соати 11:40 дақиқа роҳ тоза карда шуда ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуд. 

Ҳамчунин соати 14:56-и ҳамин рӯз аз километри 101 то 108-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш сел роҳи минтақаро баст.  Барои рафъи оқибати офати табий техникам муҳандисии ноҳия сафарбар карда шуд. Роҳ боз карда шуд.  

Тибқи иттилои шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор, 1 июли соли 2024 дар деҳаи Ёзганди ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор бар асари омадани сел як пули мошингузар шудааст. Ҳамчунин,  36 хона ва иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ (67 оила, 267 нафар) зери об мондааст. Ҳамаи сокинон ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд. Бо мақсади муайян намудани хисорот ва ташкили корҳои бартарафсозӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумита полковник Латифзода Х., ба маҳалли аз офат зарардида сафарбар карда шуд. 

Ҳамчунин километри 49-уми роҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор муваққатан баста шудааст. Барои раҳбарии корҳои тоза кардани ин роҳ ва роҳи Рашт-Лахш  муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон ба ҷои шодиа омадааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 2 июли соли 2024, соати 16:10, дар километри 250-уми роҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш, дар ҳудуди мавзеи Ҳавзаки ноҳияи Лахш ба сабаби боло рафтани ҳарорат сатҳи оби дарёи Суғак боло рафта, об маҷрои дарёи Сурхобро баст ва тақрибан 500 метри роҳро шуста, 4 сутуни  барқро хароб кард. Касе осеб надидааст. Рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода қаблан хабар дода буд, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 1-2 июли соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, дар вилояти Суғд ва дар навоҳии ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад. Илова бар ин, рӯзҳои 1-3 июли соли 2024 дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button