ВидеоКоррупсияСиёсатТиб ва беҳдошт/Муҳити зистТоҷикистон

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК ВАЗИРИ СОБИҚ. БА ПАРВАНДАИ НАСИМ ОЛИМЗОДА МУҲРИ МАХФӢ ЗАДААНД

Насим Хоҷа Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар солҳои 2017-2020, ки баъди барканориаш 4 сол боз раҳбарии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи ҷумҳуриро бар дӯш дошт, дар поёни моҳи июн боздошт шудааст. Дар ин бора рӯзи 3 июли соли 2024 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” ду манбаи гуногун, аз ҷумла яке аз хешовандони наздики Насим Олимзода хабар доданд.

Хешованди наздики вазири собиқ бо тасдиқи хабари боздошти Олимзода гуфт, ки боздошти ӯ рӯзи 29 июни соли 2024 сурат гирифта, ӯ инак чанд рӯз боз дар ҳабс дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Аммо ин ҳамсуҳбати “Бомдод” дар мавриди ин ки Насим Олимзодаро бо чӣ иттиҳоме ва кадом ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ дастгир кардааст?, изҳори бехабарӣ кард ва танҳо гуфт, бино ба иттилое, ки ӯ дорад, ба парвандаи вазири собиқи тандурустӣ муҳри махфӣ задаанд.

Ба “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст, ки тавассути манобеи дигар тафсилоти парвандаи Насим Олимзодаро ба даст оварда, айбномаи ба зидди ӯ эълоншударо рӯшан кунад. Аммо маъмулан муҳри махфӣ ба парвандаҳое зада мешавад, ки ба амнияти давлатӣ рабт мегиранд. Аз ҷумла мақомот ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раҳбари собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки 12 июн бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” боздошт шуд, муҳри махфӣ задаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки Насим Олимзода бо иттиҳоми даст доштан дар ягон ҷинояти коррупсионӣ дастгир шудааст ваё дар бастагӣ ба парвандаи Усмонзода? Қарори маълум, дар робита ба парвандаи Усмонзода, ки ба пурсарусадотарин парвандаи сиёсии солҳои охир табдил ёфтааст, то имрӯз даҳҳо нафар, аксаран мансабдорони дар гузашта хеле баландпоя бозпурсӣ шуда, чанд нафари онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

Мақомот ин ҳама сарусадоҳо дар бораи бозҷӯиҳову боздоштҳоро то ҳол ягон бор шарҳ надодаанд, вале манобеи ғайрирасмӣ дар шумори дастгиршудагон дар пайванд ба парвандаи “ғасби ҳокимият” нафароне, чун собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, муовини раиси Ҳизби демократ ва журналист Аҳмадшоҳ Комилзода, фармондеҳи собиқи “Алфа” полковник Нарзулло Наимовро ном мегиранд.

Доктори илмҳои тиб, профессор Насим Хоҷа Олимзода 20 августи соли 1964 ба дунё омада, соли 1988 Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси табиби бемориҳои қалб (кардиолог) хатм кардааст. Насим Олимзода аз соли 1988 то 1995 дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб кор карда, солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербурги Русия таҳсил кардааст. Ӯ рисолаи номзадиашро соли 1998 дар Петербург ва рисолаи докториашро соли 2009 дар Маскав ҳимоят кардааст.  

Олимзода аз соли 1999 то 2014 ба ҳайси табибу, мудири бахши наҷот ва мудири кулли Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, як ниҳоди вобаста ба вазорати тандурустии Тоҷикистон ва мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ кор кардааст.

Насим Олимзода аз моҳи апрели соли 2014 то 12 январи соли 2017 муовини вазир ва сипас то 4 майи соли 2020 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи майи соли 2020 дар рӯзҳои авҷи пандемияи коронавирус барканор гардид ва ба ҷои ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ таъйин шуд. Манобеи огоҳ барканории Олимзодаро ба камбудиҳои мавҷуда дар мубориза бо коронавирус рабт медоданд. Чанде баъд аз барканориаш Олимзода мудири Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология таъйин шуд, ҳарчанд бемориҳои меъда ба ихтисоси ӯ, ки кардиолог аст, рабти чандоне надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button