ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БОЗОРИ ҚУМСАНГИР ДАР ДИЛИ ШАБ БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Нимашаби 1 ба 2 июли соли 2024 бозори ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҷанубуғарби Тоҷикистон дучори сӯхтор шуд. Дар видеое, ки хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз ҷои ҳодиса фиристоданд, дида мешавад, ки чандин дӯкони ин бозор дар чанги оташ қарор гирифтааст, вале касе ҷуръати наздик шудан ба назди дӯконҳои даргирифта намекунад, балки бисёриҳо бо телефонҳои худ ҷараёни оташ гирифтани бозорро сабт мекунанд.
Як ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, дар паҳлуи ин бозор, ки ба дучори сӯхтор шуд, алакай бозори наву замонавӣ сохта буданд ва чанд вақт боз аз бозорнишинҳои бозори кӯҳна тақозо доштанд, ки ҳамагӣ ба бозори нав бикӯчанд. “Бозори нав бо риояи қоидаҳои бехатарӣ сохта шудааст. Аз ҷумла бо васоили пешгирӣ аз расиши кӯтоҳи ноқилҳо, ки як сабаби умдаи сӯхторҳост. Агар тоҷирони бозори кӯҳнаи Қумсангир гапногирӣ намекарданд ва сари вақт ба бозори нав мекӯчиданд, шояд молашон дар оташ намесӯхт”, – гуфт маънидорона ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон бозорҳо дучори сӯхтор мешаванд. Тоза моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар бозори “Баҳор”, ки ҳамчунин бо номи “бозори “Шаҳло” ҳам маъруф аст, дучори сӯхтор шуда буд.
Мақомот дар аксари кулли маворид расиши кӯтоҳи ноқилҳоро сабаби ин офатҳо меноманд, вале бозорнишинҳо гоҳо дар бораи эҳтимоли қасдан оташ задани дӯконҳояшон ҳарф мезананд.
Соли 2023 дар Тоҷикистон 1236 сӯхтор рух дода, ин офатҳо боиси ҳалокати 23 нафар шудаанд. Ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор дар соли гузашта қариб 48 миллион, ё тақрибан 4,4 миллион долларро ташкил додааст. Соли 2022 дар Тоҷикистон дар 1234 сӯхтор 18 нафар ҷон бохта буданд.
Ноҳияи Ҷайҳун (марказаш шаҳраки Дӯстӣ) то соли 2016 Қумсангир ном дошт ва то ҳол бисёриҳо, бахусус насли калонсол ин минтақаро Қумсангир ном мебаранд.
Дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Ҷайҳун 140 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Шуғли аксари сокинони ноҳияи Ҷайҳун кишоварзист. Вале чун дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳо дар ин ноҳия низ пулҳоест, ки азизони муҳоҷирашон аз хориҷ ва асосан аз Русия мефиристанд.