ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

МИЛИТСИЯИ ХАТЛОН: БИБИСОРО ЁФТ ШУД ВА ДАР КАНОРИ ПАДАРУ МОДАРАШ ҚАРОР ДОРАД!

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон  рӯзи 2 июли соли 2024 хабар дод, ки баъди 3 рӯзи ҷустуҷӯ Ғаффорзода Бибисорои Абдуҷаббор, сокини 16-солаи шаҳри Кӯлоб билохира рӯзи 2 июл сиҳату саломат ёфт гардид ва айни ҳол дар назди пайвандонаш қарор дорад

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз кулли сокинон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ барои бетараф набудан дар қазияи гум шудани Бибисоро изҳори сипос кард.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон шуда буд, ки Ғаффорзода Бибисорои Абдуҷаббор, соли таввалудаш 2008, сокини шаҳри Кӯлоб, санаи 30 июни соли 2024, тақрибан соатҳои 12 аз хона баромада, бедарак шудааст.  Наздиконаш бо изҳори нигаронӣ аз сарнавишти ин духтари ноболиғ аз ҳамаи онҳое, ки Бибисороро дар ягон ҷо дидаанд, ваё дар бораи дар куҷо будани ин духтари ноболиғ маълумоте доранд, хоҳиш карда буданд, ки фавран ба онҳо ва мақомот хабар бидиҳанд.

Эълони гум шудани ин духтари ноболиғро садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр ва ба ин васила дар ҷустуҷӯи ӯ мусоидат карданд. Ба ҳамаи онҳое, ки бетараф наистоданд ва дар кори хайр саҳм гирифтанд, изҳори ташаккур мекунем.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button