ДУ САДАМА ДАР МАСТОҲУ НАҚБИ “ХАТЛОН”, ҒОРАТГАРӢ ДАР ШОҲМАНСУР ВА ДУЗДӢ АЗ МАҒОЗА
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 2 июли соли 2024
Ҳалокати дучархарон ва мусофир дар садамаҳои нақлиётӣ
Субҳи 1-уми июли соли 2024, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Караван», Шарипов Давлатмаҳмад Партобович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳи муқобили самти ҳаракат баромада, дучархарон Эгамбердиев Мақсуд Ҳошимович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Эгамбердиев М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам субҳи 1-уми июли соли 2024, тахминан соати 05:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Даймлер Бенс-200”, Ҷобирзода Низомиддин, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар 48-ум километр ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Тойота Ракстис”, таҳти идораи Намозали Ҳасан, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин бархӯрда, сипас боз ба автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, ки аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, ба қисмати қафояш бархӯрда, онро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Даймлер Бенс-200”, Бобохонов Давлатали, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ховалинг ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Даймлер Бенс-200” Ҷобирзода Н.И., мусофираш Тағоев Муҳаммад, соли таваллудаш 2006 ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Ракстис” Намозали Х.К. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Дастгир гардидани ҷавони 27-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 6-уми июни соли 2024, тахминан соати 11:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Нисор Муҳаммади пойтахт қарор доштанаш шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Ҳонор С10” ва 1 ҳазору 400 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани дуздӣ аз нуқтаи фурӯши либосҳои занона
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 30-юми апрели соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи фурӯши либосҳои занона шуда, аз онҷо 13 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натичаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 24 ва 21-солаи сокинони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.