ДИҚҚАТ! БИБИСОРОИ 16-СОЛА АЗ ШАҲРИ КӮЛОБ ГУМ ШУДААСТ

Ғаффорзода Бибисорои Абдуҷаббор, соли таввалудаш 2008, сокини шаҳри Кӯлоб, санаи 30 июни соли 2024, тақрибан соатҳои 12 аз хона баромада, то ба ҳол бедарак аст.
Наздиконаш дар бораи куҷо рафтан ва ҳоло куҷо будани Бибисоро ягон маълумот надоранд.
Аз ҳамаи онҳое, ки Бибисороро дар ягон ҷо дидаанд, ваё дар бораи дар куҷо будани ин духтари ноболиғ маълумоте доранд, хоҳиш карда мешавад, ки фавран бо ин рақамҳо занг бизанед ва хабар диҳед:
+992 988 96 87 49
+992 000 08 89 68
Ҳамчунин аз ҳама хоҳиш мекунем, ки бо бознашри ин хабар ба ҷустуҷӯи ин духтар кумаку мусоидат кунед.
Наздикони Бибисоро аз аз қабл ба якояки Шумо барои мусоидат ба ҷустуҷӯи ҷигарбандашон изҳори сипос мекунанд. Онҳо ҳамчунин ба худи Бибисоро муроҷиат мекунанд, ки агар ин эълонро бубинад, ба хона баргардад, ӯро ҳама бо чашми тару дили зор мунтазиранд.