ВарзишВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ МУРАББИИ ТОҶИК АЛИШЕРИ ИСМАТЗОДА ДАР МАСКАВ БО ИТТИҲОМИ ТЕРРОРИЗМ

Рӯзи 1 июли соли 2024 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба додгоҳи ноҳияи Шербинкаи шаҳри Маскав ҷиҳати ба ҳабси пешакӣ гирифтани мураббии гуштини тарзи озод Исматзода Алишери Камолиддин дархост додаанд. Дар Федератсияи гуштини варзишии Русия ин хабарро тасдиқ карда, “шокбарангез” номидаанд.

Бино ба иттилои нашршуда дар баргаи парвандааш дар сомонаи додгоҳи Шербинка, мураббии 32-солаи зодаи шаҳри Душанбе тибқи қисми якуми моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ бо роҳи ба чунин фаъолиятҳо ҷалбу моил кардани афроди дигар айбдор мешавад. Тафсилоти дигари айбномаи зидди Алишери Исматзода ҳанӯз нашр нашудааст, вале бар асоси қисми якуми моддаи 205.1 ба ӯ ҳамчун ҷазо аз 7 то 15 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то 500 ҳазор рубл таҳдид мекунад.

Дар Федератсияи гуштини варзишии Русия боздошти Алишери Исматзода аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тасдиқ кардаанд. “Барои мо ин хабар шокбарангез буд, вале муттаассифона, ин рост аст”, — гуфтааст намояндаи ин ниҳоди варзишӣ.

Алишер Исматзода соли 1992 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ баъдан ба Маскав кӯчида, шаҳрвандии Русияро ба даст овард.

Исматзода устоди варзиш ва мураббии сатҳи олӣ мебошад. Вақтҳои охир ӯ дар омӯзишгоҳи махсуси тарбияи захираҳои олимпӣ №1 ҳамчун мураббӣ кор мекард. Дар ин омӯзишгоҳ ҳамчун мураббӣ кор кардани Иматзодаро тасдиқ карданд, вале дар мавриди таҳти тафтиш қарор гирифтани фаъолиятҳои ӯ изҳори бехабарӣ кардаанд.

Исматзода ҳамчунин мураббии тими духтарони гуштингири то 16солаи Русия ва тими писарони гуштингири то 16солаи шаҳри Маскав буд. Моҳи майи соли 2024 Мӯсо Сантиков, ки Алишери Исматзода машқаш медод, дар чемпионати Аврупо соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони Аврупо шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button