БОЗДОШТИ 5 АВБОШ, АЗ ҶУМЛА ЯК ДУХТАР БАРОИ ҶАНҶОЛУ ХАРШАХА ДАР СОАТИ ПАНҶИ СУБҲ (ВИДЕО)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 1 июли соли 2024, ҳамагӣ чанд соат баъди дар Интернет нашр шудани видеои латтукӯби як духтар хабар дод, ки вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ муайян ва боздошт шудаанд.
Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт: “Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон
- Шарифов Шарифҷон,
- Мафтунаи Гулмаҳмад,
- Қурбонов Бобоҷон,
- Холмаҳмад Талбакзода ва
- Бобоев Мансур, сокинони шаҳри Душанбе барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуданд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 1-уми июли соли ҷорӣ, тахминан соати 5:30 дақиқаи субҳ, дар кӯчаи Лоҳутии ноҳияи Шоҳмансур Шарифов Шарифҷон ва Мафтунаи Гулмаҳмад бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурдагон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Тафсилоти дигар оварда нашудааст. Маълум нест, ки ба зидди ин нафарон бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо иттиҳоми майдаавбошӣ протокол тартиб додаанд ваё бар асоси моддаи 237 Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд?
Видеои ҷанҷолу харшаха байни ҷавонони зоҳиран маст ва як духтари низ зоҳиран маст дар дили шаб мавҷи вокунишҳои манфиро дар байни корбарон ба вуҷуд овард ва онҳо аз мақомоти милитсияи пойтахт хостанд, то ин авбошонро дастгир карда, ба ҷавобгарӣ бикашонанд.
Худи дастгиршудагон барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.