ВидеоКоррупсия

ВАКИЛИ МАРДУМ ДАР ПАНҶАКЕНТ БА ДУЗДИИ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ ДАВЛАТ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 июни соли 2024 аз тасарруф шудани беш аз як миллион сомонӣ, ё тақрибан 10 ҳазор доллар маблағҳои буҷетӣ аз тарафи як вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз Панҷакент хабар дод.

Маркази матбуоти агентӣ гуфт, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Саразм”, №29 – Усмонов Қ.И. дар асоси фармоиши директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2019, №45 то инҷониб дар вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон (минбаъд – ИДБЗ ва ОҲДЗ) фаъолият намуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ задааст”.

Худи Қурбон Усмонов, ки қариб 30 сол боз раҳбарии низоми обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшонро дар даст дошт, ва ҳамин тавр, наздикон ё адвокати ӯ барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Вале бино ба фарзияи тафтишот, “Усмонов Қ.И. қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ зимни иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Сохтмони пойгоҳи обкашӣ дар мавзеи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент” қубурҳои қаблан истифодашударо бо нархи нисбатан арзон харидорӣ намуда, дар як маврид фарқияти маблағи 1 миллиону 068 ҳазору  650 сомонии ба ин мақсад пешбинишударо, ки ба ў бовар карда супорида шуда, дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф намуд”.

 Оиди ин ҳолат нисбати Усмонов Қ.И. бар асоси ду  моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 245, қисми 4, банди «б» (тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург) ва 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушода, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ин парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Ба Қурбон Усмонов барои сохтакорӣ бо истифода аз мақом ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ ё тақрибан 6 доллар) ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3сол ё бидуни он  таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба ӯ бар асоси қисми чоруми моддаи 245 барои тасарруфи маблағи махсусан бузург ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар шаҳри Панҷакент ҳанӯз дар аввали моҳи майи соли 2024 хабар доданд, ки кормандони Агентии мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ ду мансабдори баландпояву бонуфуз дар ин минтақаро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир кардаанд.

Як манбаи огоҳ аз ҷараёни қазия ба “Бомдод” гуфт, раиси кумитаи замини шаҳри Панҷакент Ғолиб Муродзода ва раиси идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон Қурбон Усмонов ҳарду дар ҳоли ҳозир дар СИЗО, ё боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан нигоҳ дошта мешаванд.

Як манбаи наздик ба шаҳрдории Панҷакент бо тасдиқи ин хабар гуфт: “Ягон 20 рӯз гузашт аз дастгир шудани Ғолиб Муродзода ва Қурбон Усмонов. Ҳоло дар СИЗОи Истаравшан қарор доранд ҳардуяшон. Инҳоро коррупсия ва амният қапидааст”.

Қурбон Усмонов аз солҳои 90, тақрибан 30 сол боз раҳбарии шабакаҳои обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшонро дар даст дошт ва аз шахсони хеле сарватманд ва пурнуфуз дар Панҷакент ба шумор мерафт. Аммо деҳқонони маҳаллӣ ӯро ба он айбдор мекарданд, ки дар давраи раҳбариаш аксари насосҳои обкашӣ аз кор баромад ваё ба чапи рост фурӯ шуд ва дар натиҷа деҳқонон ҳоло дар таъмини заминҳои кишташон бо об мушкили сахт кашида истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button