ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 7 СОКИНИ МӮЪМИНОБОД, АЗ ҶУМЛА ЯК ЗАН БО 3 ФАРЗАНДАШ, ДАР САДАМА ДАР КӮЛОБ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи 4 рӯзи охири моҳи юни соли 2024 дар  6 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 13 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ҳама садамаи пурқурбонӣ, ки 7 кушта ба ҷо гузошт, дар шаҳри Кӯлоб рух додааст.

Аз ҷумла баъд аз асри 27-уми июни соли 2024, тахминан соати 19:10, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Зоиров Бобоҷон Ҳомидович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Мӯъминобод, дар ҳудуди деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини дигари низ  тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Латифов Умарҷон Назарович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Мӯъминобод бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони “Опел”-и дуюм:

  1. Шарипова Бунафша Муъминова, соли таваллудаш 1986, бо ҳамроҳии фарзандонаш:
  2. Аминҷони Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 2019,
  3. Сабринаи Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 2011,
  4. Алиҷони Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 2014, сокинони ноҳияи Муъминобод,
  5. Алиев Рамазон Рашидович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Муъминобод ва
  6.  худи ронанда Латифов У.Н. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
  7. Рамазони Насимҷон, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Зоиров Б.Ҳ. ва мусофирони он Нуралишои Қурбон, соли таваллудаш 2006, ноболиғ Гулова Мадина, соли таваллудаш 2009 ва Панҷшери Муҳаммадзод, соли таваллудаш 2005, сокинони ноҳияи Муъминобод ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.


Ҳамчунин асри 27-уми июни соли 2024, тахминан соати 18:3, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Кемри», Раҳимов Разоқ Ҳафизович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Лермонтов аз тарафи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи С.Шерозии пойтахт, бо дучарха (мототсикл), таҳти идораи Мирзоев Зокир Исроилҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини пойтахт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дучархарон Мирзоев З.И. ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби ронанда ба беморхона дастрас гардида, пасон номбурда дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам 27-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Қурбонов Боқимаҳмад Ниёзович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хучанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст.Дар натиҷа, мусофири дохили мошини мазкур Исоева Азизгул Муллоевна, соли таваллудаш 1973, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Шоми 28-уми июни соли 2024, тахминан соати 20:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Латипов Акбар Мирзоназарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Муъминобод ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Боғчаии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои мошини боркаши тамғаи “КАМАЗ”, таҳти идораи Нуров Хабир Пираҳмадович, соли таваллудаш 1976, сокини ҳамин ноҳия, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Латипов А.М ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
29-уми июни соли 2024, тахминан соати 17:20, ронандаи воситаи наклиёти тамғаи «Опел-Астра», Қӯзиев Шерзод Нишонбоевич, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Ашт», дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ баромада автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Қӯзиев Ш.Н. ва мусофири мошини мазкур Ҳошимова Гулноза Набиҷоновна, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигар Худойбердиева Озода Шавкатҷоновна, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ашт, бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
30-юми июни соли 2024, тахминан соати 11:00, ронандаи мошини тамғаи “Хундай-Портер”, Асадуллоев Исматулло Мирзобоевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 30-солагии Истиқлоли ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Опел-Вектра”, ки таҳти идораи Раҷабов Саъдулло Давлатович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Роғун дар канори роҳ дар ҳолати беҳаракатӣ меистод, бармехӯрад. Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “Хундай-Портер”, Асадуллоев И.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

 Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button