ДОДГОҲИ РУСИЯ ДУ ОППОЗИТСИОНЕРИ ТОҶИКРО ҒОИБОНА БА ҲАБС ГИРИФТААСТ
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав ҳанӯз дар поёни моҳи майи соли 2024 дар ғайбашон ҳукми ҳабси ду фаъоли оппозитсияи тоҷик Шарофиддин Гадоев ва Муҳаммадиқболи Садриддин ( Садурдинов)-ро содир кардааст. Дар ин бора рӯзи 26 июни соли 2024 пойгоҳи хабарии “Медиазона” хабар дод. Бино ба иттилои ин нашрия, ба зидди сиёсатмадорони мухолифи тоҷик бар асоси бандҳои “б” ва “д” қисми дуюми моддаи 207.3 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Русия аз ҷониби гуруҳи муташаккил дар заминаи кинаву адовати ақидатӣ ё қавмӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо тибқи ин банди қонуни Русия, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 миллион рубл, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол ё аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
“Медиазона” дар бораи сабаби далелҳои боз шудани чунин парванда ба зидди ду оппозитсионери тоҷик изҳори бехабарӣ кардааст, вале навиштааст, ки исми Муҳаммадиқболи Садриддин дар махзани додгоҳи Басманний 9 апрели соли 2024 пайдо шудааст.
Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши оппозитсионии “Ислоҳот ва рушд” ва муовини раҳбари Паймони миллӣ, як эътилофи дар худи Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо, рӯзи 1 июли соли 2024 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, аз азми мақомоти Русия барои боз кардани парванда ба зиддаш ҳанӯз моҳи августи соли 2023, вақте хабар ёфт, ки кормандони ФСБ ҳамроҳ бо корманди шуъбаи маҳаллии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба манзили онҳо дар ноҳияи Фархор омада, модарашро дар бораи ӯ бозҷӯӣ карданд.
Шарофиддин Гадоев дар шоҳигарии Ҳолланд паноҳандагии сиёсӣ ба даст овардааст. Дар Тоҷикистон ба зидди ӯ чандин парванда кушодаанд, аз ҷумла бо иттиҳоми қочоқ (қисми якуми моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ва тақаллуби санадҳо (қисми дуюми моддаи 340).
Моҳи феврали соли 2019 Гадоевро зимни як сафари мармузаш дар Маскав дастгир карда, маҷбуран ба Тоҷикистон фиристоданд. Ӯ мегуфт, ки бо ваъдаи мулоқот бо яке аз роҳбарони Шӯрои амнияти Русия ба домаш афтонданд. Мақомоти Тоҷикистон бо нашри чанд видеои саҳнасозишуда мехостанд овардани Гадоевро ҳамчун гӯё “бозгашти ихтиёрии оппозитсионери аз кирдори худ пушаймоншуда” қаламдод кунанд. Вале дар пайи исрори мақомоти дипломатии Олмону Ҳолланд Душанбе маҷбур шуд, ки алакай дар аввалҳои моҳи марти соли 2019 Гадоевро бозпас ба Аврупо бифиристад.
Муҳаммадиқболи Садриддин ҳукми додгоҳи Маскавро як қарори бесамар ва беасар номид ва гуфт, ки пойгоҳи хабарии ӯ зиёд дунболи масоили Украина ҳам намерафт: “Албатта, мақомоти Русия ҳар нафареро, ки ҷангаш ба зидди Украинаро ҷанг биномад, чунин вокуниши шадид мекунанд. Ростӣ, мавзӯи асосии мо масоили Тоҷикистон аст, на Русияву Украина ва мо чандон ҷанги Украинаро пайгирӣ намекардем. Ило агар сухан дар бораи ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба ин ҷанг равад. Дар ин ҳолат мо комилан зидди ба ҷанги зидди Украина бурдани муҳоҷирони тоҷик будему ҳастем ва дар ҳамин мавқеъ боқӣ хоҳем монд. Ягон қарори ҳеҷ додгоҳи Русия ин мавқеи моро иваз карда наметавонад”.
Муҳаммадиқболи Садриддин (Садурдинов) фарзанди яке аз асосгузорони ҳизби оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Қаландар Садурдинов мебошад. Дар Тоҷикистон ба зидди ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд
Муҳаммадиқболи Садриддин дар Фаронса ба сар мебарад. Ӯ дар онҷо пойгоҳи иттилоотии “Ислоҳ”-ро ташкил кардааст. Ин пойгоҳ, бахусус Ютуб-канали “Ислоҳ ТВ” имрӯз яке аз пуртамошобинтарин тарҳҳои иттилоотии оппозитсияи тоҷик дар Аврупо дониста мешавад.