ВарзишВидео

НОҲАҚҚИИ ДОВАР ДАР БОЗИИ “РАВШАН” БО “ИСТИҚЛОЛ” МУХЛИСОНРО НОРОҲАТ КАРД (ВИДЕО)

Рӯзи 23 июни соли 2024 дар варзишгоҳи Кӯлоб бозии байни дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол” доир шуд. Бозиҳои байни ин ду тим аз Кӯлобу Душанберо ҳамеша яке аз бозиҳои аз ҳамаи асосии лигаи олии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон мешуморанд ва ҳатто бисёре аз мухлисону ҳатто шореҳон бозиҳои ин ду тимро “Эл Классикои тоҷикӣ” мешуморанд. Бо ишора ба ин ки ҳарду тараф аз дақиқаи аввал то охирини бозӣ ба сурати хастагинопазир кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва ҳар кадоми ин рақобатҳо ҳамеша то дер дар ёди мухлисон боқӣ мемонад.

Аммо бозии имсола бештар ба маҳзи як иштибоҳ, ё ба таъбири мухлисони “Равшан”, ноҳаққии довар дар ёдҳо мемонад. Баҳси ин иштибоҳ дар байни мухлисон ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ инак чанд рӯз боз идома дорад ва чунин ба назар мерасад, ки ҳанӯз фурӯкаш карданӣ нест.

Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт ва голи ягонаро Ҳамадонӣ Камолов дар дақиқаи 48 вориди дарвозаи “Равшан” кард.

Касе ба голи задаи “Истиқлол” эроде надорад. Эроди тими “Равшан” ва мухлисонаш ба ҳодисаест, ки дар поёни бозӣ ба амал омад.

Ҳимоятгарони “Истиқлол” як ҳамлагари “Равшан”-ро дар ними майдон зада, аз пой афтонданд ва тӯб ба дасти як бозигари “Истиқлол” расид. Вале дар ҳамин лаҳза як бозигари дигари “Равшан” ногаҳон тӯбро аз пеши пои бозигари “Истиқлол” гирифт ва ҳамла ба тарафи дарвозаи рақибро идома дод. Ӯро аввал дар лаби хатти майдончаи ҷаримавӣ пешпо доданд, вале бозигар, ҳарчанд калавид ва тавозунашро чанд лаҳза гум кард, вале боз ҳам тӯбро аз даст надода, ба ҳаракаташ ба сӯи дарвозаи “Истиқлол” давом дод. Ин дафъа ӯро дар дохили майдончаи ҷаримавӣ зада, афтонданд ва довар аз ноҳияи Шаҳринав Абдулло Давлатов ҳуштакашро кашида, бозиро манъ ва зарбаи 11-метра, яъне пеналти таъйин кард.

Вале дар ин асно аввал довари канорӣ ба Абдулло Давлатов чизе гуфт, ки довар аз қарораш дудила шуд ва хостори дар экрани ВАР аз нав дидани ин лаҳзаи бозӣ шуд. Баъди дидани ВАР довар зарбаи пеналтиро бекор кард ва аз масофаи дуртар зарбаи ҷаримавӣ таъйин кард.

Табиист, ин тасмим, ки охирин шонси “Равшан” барои баробар кардани ҳисоб дар ин бозии барояшон усулиро ба хок яксон кард, мавҷи норозигиҳоро ба вуҷуд овард. Ҳатто ҷамъе аз мухлисон аз маъмурияти “Равшан” хостанд, ки агар ВАР ҳам чунин “ғиромбоз” бошад, дигар дар бозиҳои ин тим аз он истифода накунанд.

Ба оташи баҳсҳо як видеои кӯтоҳи лаҳзаи пеши экрани ВАР истодани довар Абдулло Давлатов равғани бештар рехт. Дар ин сабт дида мешавад, ки довар чашмашро ба экран дӯхтааст, вале дар экран ба ҷуз аз рамзи мусобиқоти лигаи олӣ ҳеҷ сабти дигаре дида намешавад. Албатта, ин метавонад сабти лаҳзае бошад, ки ба сабаби суръати сангпуштвори Интернет дар Тоҷикистон сабт дар экрани ВАР ҳанӯз кушода нашуда буд, вале ба шакку гумони мухлисони “Равшан” афзуд.

Шореҳон дар ТВ “Варзиш” низ тасмими бекор кардани пеналти аз тарафи доварро ба чолиш кашиданд ва гуфтанд, ки агар ҳадафи довар хушомад ба “Истиқлол” бошад, “Истиқлол”, ки дар садри ҷадвали чемпионат қарор дорад, ниёзе ба чунин хушомадҳо надорад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон то кунун ба мавҷи интиқодҳо аз тасмими довар Абдулло Давлатов вокунише накардааст ва маълум нест, ки оё ин масъала дар Федератсия баррасӣ мешавад ё на? Вале дар рӯйхатти аз ҷониби Федератсия нашршудаи доварони бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионат , ки аз 28 то 30 июн доир мешаванд, исми Абдулло Давлатов нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button