ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАБСИ РОНАНДА ДАР КӮЛОБ БАРОИ ДАР БАҒОЧДОНИ МОШИН САВОР КАРДАНИ 3 НОБОЛИҒ (4 АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 27 июни соли 2024 аз ҳабси як ронандаи “Опел” ва ҷазои маъмурии волидони 3 мусофири ноболиғ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ки ронандаи “Опел” дар шаҳри Кӯлоб се наврасро дар бордони мошинаш савор кардааст.

Бино ба иттилои милится, як корбар бо ирсоли навор ба суроғаи электронии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз мақомоти милитсия хостааст, ки нисбат ба ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра»  чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Муроҷиаткунанда хабар додааст, ки “ронандаи “Опел” 3 мусофири ноболиғро дар “багажник”, яъне бағочдони мошинаш савор карда, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб бар замми риоя накардани талаботи қоидаҳои ҳаркати роҳ, аз қабили манёвру сабқати нодуруст ва итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо, ҳамчунин бо овози баланд тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд”.

Милитсия гуфт, дар натиҷаи санҷишии фаврии навори мазкур муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақамҳои қайди давлатиаш 77 88 ВR 01, шаҳрванд Ниёзов Ҷаҳонгир Ҷамолиддинович, санаи таваллудаш 08.02.1994 истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа буда, ба мусофиркашонӣ машғул мебошад.

Худи Ҷаҳонгир Ниёзов ва дигар иштирокчиёни ҳодиса барои шарҳи он дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи милитсия, “шаби 25 июни соли 2024 Ниёзов ҳангоми машғул шудан ба мусофиркашонӣ бо сабаби пур будани ҷойҳои нишасти автомашина 3 писари ноболиғро дар бағочдони мошин савор карда, бо суръати баланд ҳаракат кардааст ва дар натиҷа ба ҳаёти ноболиғон хатари ҷиддӣ ба бор овардааст”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳи шаҳри Кӯлоб нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуд. Ҳамчунин нисбат ба волидайни 3 ноболиғ тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардид. Ба онҳо барои хунукназарӣ дар тартибя фарзандон ҷарима таҳдид мекунад.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ба шаҳрвандон, махсусан ба нафаре, ки худро бетараф нагирифта, бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ ҳолати мазкурро ба навор гирифта, тариқи суроғаи электронӣ ба милитсия  ирсол кард, изҳори сипос карда, ҳамзамон аз дигар шаҳрвандон низ хост, то ки бо мақсади таъмини тартибот ва волоияти қонун бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button