ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ 69 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКУ ТУРКМАН ДАР ЯК РЕЙД ДАР СОХТМОНҲОИ ВОРОНЕЖ (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Воронежи Русия рӯзи 27 июни соли 2024 бо нашри як видео хабар дод, ки дар ҷараёни рейдҳо дар сохтмонҳои шаҳри Воронеж 69 муҳоҷири корӣ аз Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Туркманистон дастгир шудаанд. Дар видеои пулиси Воронеж дида мешавад, ки кормандони пулис ва ОМОН муҳоҷиронро дастҳо дар сари китфони ҳамдигар қатор кардаанд ва ба чунин сурат аз маҳалли сохтмон бо худ мебаранд.

Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки  рейдҳоро кормандони раёсати муҳоҷирати пулиси вилояти Воронеж ҳамроҳ бо кормандони ППС ва Росгвардия (ОМОН) анҷом дода, дар натиҷа аз 69 муҳоҷири боздоштшуда 19 нафарашро барои тафтиши муфассалтари ҳуҷҷатҳояшон ба шуъбаи пулис овардаанд. Дар умум, дар ҷараёни рейдҳо нисбат ба муҳоҷирон бар асоси моддаи

 18.10, қисми дуюми моддаи 18.8 ва қисми 1.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва пешбурди фаъолияти корӣ протокол тартиб додаанд. Пулис то куҷо ба қонунҳои муҳоҷират ҷавобгӯ будани фаъолияти корфармоёни ин муҳоҷиронро низ тафтиш мекунад.

Дар поёни ҳафтаи гузашта дар сохтмонҳои ноҳияи Коминтерни шаҳри Воронеж 45 шаҳрванди Ӯзбекистон дастгир шуда, 12 нафари онҳоро бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ба пулис бурданд.

Дар умум дар моҳҳои охир рейдҳо ба зидди муҳоҷирон дар гӯшаҳои гуногуни Русия хеле зиёд шудааст. Дар ҷараёни ин рейдҳо мақомоти Русия асосан муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, асосан аз  Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон – се кишвари асосии таъминкунандаи бозори кори Русия бо нирӯи кориро дастгир мекунанд ва тақрибан ҳар ҳафта аз Русия дар бораи аз ин кишвар ихроҷ кардани гуруҳҳои нав ба нави муҳоҷирон хабарҳо ба даст мерасанд.

Воронеж — шаҳрест дар ҷануби ҳавзаи Русия марказӣ. Ин шаҳр дар соҳили обанбори Воронеж, дар фосилаи 12 километр аз дарёи Дон ва 520-километрии ҷануби Маскав ҷойгир шудааст. Аҳолии Воронеж дар поёни соли 2023 аз марзи як миллион нафар гузашт ва ҳоло ин шаҳр аз лиҳози шумораи аҳолӣ 14-умин шаҳри бузурги Русия ба шумор меравад.

Дар шаҳру вилояти Воронеж даҳҳо ҳазор муҳоҷир кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button