АВБОШИИ ЯК ЗАН ДАР ХУҶАНД, МАРГИ РОНАНДА ДАР ВАҲДАТ ВА БАҲСИ ПУЛИ РАВҒАН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 28 июни соли 2024
Дастгир гардидани зани 46-сола барои авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, 6-уми июни соли 2024, тахминан соати 09:30-дақиқа, аз ҳиссиёти авбошӣ бо зани 32-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо чӯбдаст якчанд маротиба ба аъзои бадани ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Чаппа шудани автомашина аз баландӣ боиси марги ронанда гардид
Субҳи 26-уми июни соли 2024, тахминан соати 05:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Нексия”, Қурбонзода Акбарҷони Сафаралӣ, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Бостон ба самти маркази шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи асосӣ ба канори чапи роҳ баромада, аз баландӣ автомашинаро ба поён чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Қурбонзода А.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 30-сола барои қаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 23-юми марти соли 2024, дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии мардони 45 ва 40-солаи сокинони ноҳияи мазкур даромада, аз онҳо ба маблағи 161 ҳазор сомонӣ равғани навъи «Сергиевский»-ро гирифта, фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.