А.БАСТРИКИН: РУСИЯ РОҲИ ХАЛОСӢ АЗ МУҲОҶИРОНРО ЁФТ — ОНҲОРО БА ҶАНГИ УКРАИНА МЕФИРИСТЕМ
Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст, рӯзи 27 июни соли 2024 дар ҳамоиши байналмилалии ҳуқуқӣ дар шаҳри Санкт Петербург изҳор дошт, ки мақомоти Русия бо ирсоли муҳоҷирон ба ҷанги зидди Украина аз ин тоифа халос шуда истодааст. Бастрикин ирсоли муҳоҷирон ба Украинаро “ҳила”-е номид, ки дар натиҷаи он “муҳоҷирон кам–кам Русияро тарк карда истодаанд”.
“Мо чунин як ҳилаеро пайдо кардем, ки дар натиҷаи он муҳоҷирон кам-кам Русияро тарк карда истодаанд. Мо бо иҷрои талаботи Қонуни асосӣ ва қонунҳои мо онҳоеро, ки шаҳрвандӣ гирифтанд, водор кардем, ки худро дар дар ниҳодҳои ҳарбӣ сабти ном карда, дар сурати зарурат дар амалиёти махсуси ҳарбӣ иштирок кунанд” — нақли қавл кардааст хабаргузории РБК аз суханронии Бастрикин дар ҳамоиши Петербург.
Мақомоти Русия бо вуҷуди ба садҳо ҳазор расидани шумораи кушташудагону захмиёни муноқишаи мусаллаҳона дар Украина ҳамоно ин муноқишаро “амалиёти махсуси ҳарбӣ” (СВО) ном мебаранд, на ҷанг.
Бастрикин гуфт, дар ин амр, яъне ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои сабти ном фиристодани муҳоҷирон муфаттишони Кумитаи тафтишот низ саҳм доранд. Ин дар ҳолест, ки чунин кор ба доираи вазифаҳои Кумитаи тафтишот намедарояд.
Аммо ҳатто ин, ба назари Бастрикин, ҳанӯз кофӣ нест. Ӯ хостори куллан иваз кардани сиёсати Русия дар масъалаи муҳоҷирон шуд ва гуфт: “Ба назари ман, сиёсати муҳоҷирати Русия бояд иваз шавад ва дар умум бояд чунин кунанд, ки мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, миллӣ ва дигар мушкилоти худро мо аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ҳал кунем, на аз ҳисоби муҳоҷирон”.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҷойҳои кору ҷойи зисти муҳоҷирон, дар бозору масҷидҳо, ошхонаҳои таомҳои миллӣ ва дигар маконҳои таҷаммӯи муҳоҷирон доимо рейдҳо мегузаронанд. Ҳоло дар ҷараёни ин рейдҳо бештар муҳоҷиронеро “шикор” мекунанд, ки тоза шаҳрвандии Русия гирифтаанд. Онҳоро маҷбуран ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурда, сабти ном мекунанд. Ба муҳоҷироне, ки ҳанӯз шаҳрвандии Русияро надоранд, пешниҳод мекунанд, ки бо вазорати мудофиа қарордод баста, ба ҷанги зидди Украина бираванд ва дар ивази он ба зудӣ ва осонӣ шаҳрванди Русия шаванд.
Баъди шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина пайваста дар бораи ба ин ҷанг фиристодани муҳоҷироне, ки ба ҷустуҷӯи кор ба Русия омадаанд, хабарҳо ба даст мерасанд. Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони худро батакрор огоҳ мекунанд, ки иштирок дар ҷанги Украинаро ҳамчун зархаридӣ арзёбӣ хоҳанд кард, ки ҷавобгари ҷиноятиро дар пай дорад.
Барои мисол, дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои бегона ҳамчун ҷазо то 230 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Аммо дар давоми беш аз ду соли ҷанги Русия бо Украина то ҳол касеро дар Тоҷикистон бо ҷурми иштирок дар ин ҷанг ҷазо надодаанд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли 2024 дар як нишаст дар Маскав намояндаи ҷамъияти тоҷикон дар ҳузури вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров хабар дод, ки дастикам 700 зодаи Тоҷикистон дар Украина аз тарафи Русия ҷангида истодаанд. Ҳамин тавр, то имрӯз дар бораи дар Украина кушта шудани тақрибан 100 зодаи Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд.
Александр Бастрикин 71 сол дошта, дар замони Шӯравӣ чандин сол корманди комсомол ва КПСС буд ва баъд ҳам дар тӯли солҳо дар вазифаҳои начандон баланд кор кардааст. Президенти Русия Владимир Путин соли 2011 Бастрикинро раиси Кумитаи тафтишот таъйин кард.
Бастрикин пайваста ба зидди муҳоҷирон изҳорот медиҳад ва хостори шадидтар кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия аст. Ӯ ҳамин тавр, тамоми парвандаҳои марбут ба муҳоҷирон, ҳатто муноқишаҳои сирф маишии байни ягон муҳоҷир ва сокини маҳаллиро зери назорати худ мегирад ва чандин бор талаб кардааст, то садоқати муҳоҷирони соҳиби шаҳрвандии Русия шударо бевосита бо фиристодани онҳо ба ҷанги зидди Русия имтиҳон кунанд.