ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН БАРОИ МАРОСИМИ ПУРДАБДАБАИ ФОТИҲАИ ҶИЯНАШ УЗР ПУРСИД (ВИДЕО)

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 26 июни соли 2024 дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии “Кабар” барои видеои маросими пурдабдабаи фотиҳаи ҷиянаш Лаззат Нурхоҷаева– духтари додари хурдии президент Давлатбек ва ғолиби озмуни зебосанамҳо “Мисс Қирғизистон – 2020” – аз мардум узр пурсид. Ин маросим бо истифода аз чархболи МЧС (вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон) рӯзи 24 июни соли 2024 дар як кӯҳ дар наздикии Бишкек, пойтахти ин ҷумҳурӣ баргузор шудааст.

Дар видеое, ки худи Лаззат Нурхоҷаева дар саҳифааш дар Инстаграм нашр кард, вале рӯзи 27 июн дар пайи мавҷи интиқодҳо дастрасӣ ба саҳифаашро маҳдуд кард, дида мешуд, ки арӯсу домоди оянда ҳарду либоси сафед дар тан савори чархболи тамғаи Airbus H-125 бо рақами EX-88010, ки ба вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон тааллуқ дорад, ба маҳалли маросим меоянд.

Дар онҷо онҳо ба як саҳнаи бузурги зебо, ки фаршаш пур аз гули садбарг аст, баланд мешаванд ва  Ҳафттандил Собирбеков дар ҳамин макони зебо дар байни издиҳоми дӯстону хешовандони зиёди ҳарду тараф ба духтари дӯстдоштааш пешниҳоди издивоҷ мекунад ва Лаззат Нурхоҷаева пешниҳоди ӯро пазируфта, ба издивоҷ розигӣ медиҳад. Дар видео ҳамчунин дида мешавад, ки як торти бузурги зоҳиран чандсадкилоиро бо мошин ба маҳалли маросими фотиҳаи Лаззату Ҳафттандил бурда истодаанд.

Ҳарчанд Лаззат Нурхоҷаева, ки дар Инстраграм бо тахаллуси Devletkekovna_ саҳифа кушода ва қариб 200 ҳазор обуначӣ дорад, дастрасӣ ба видеояшро маҳдуд кардааст, вале ин видео алакай дар Интернет паҳн шуда, мавҷи вокунишҳоро ба бор овард. Бисёриҳо аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов интиқод кардаанд, ки чаро аз исрофкории дигарон танқид мекунад, вале маъракаҳои пурдабдабаи хешу табори худашро намебинад?

Президенти Қирғизистон дар мусоҳиба бо “Кабар” аз ҷумла домоди ояндаашро накӯҳиш кард, ки “нофаҳмида, аз сари ҷавонӣ” хусури ояндаашро зери зарба гузошт.

“Наздикони раҳбарони ҷумҳурӣ бояд барои дигарон намунаи ибрат бошанд. Ман батакрор таъкид мекунам, ки бояд пеши роҳи исрофкориро бигирем. Ва ҳадди ақал домоди ояндаи мо пеш аз баргузории чунин маросим мебоист хуб меандешид ва маро дастгирӣ мекард. Ӯ бояд кӯшиш ба харҷ медод, то ки на худаш таҳти оташи танқид қарор бигирад ва на маро зери зарба гузорад.  Ман фикр мекунам, ки ӯ ин корро нофаҳмида, аз сари ҷавонӣ кардааст. Агар ӯ мемомаду бе ягон маросими пурдабдаба хостгорӣ мекард, касе ба ӯ не намегуфт”, – изҳор дошт Содир Ҷабборов.

Хабарнигор ёдовар шуд, ки Лаззат Нурхоҷаева қаблан ҳам “дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои ҷои кору мошинҳояшро нашр мекард”. Ба ин далел, ӯ аз Ҷабборов пурсид, ки оё хешовандонаш дар масъалаи нашр кардан ё накардани ҷузъиёти зиндагии хусусиашон бо ӯ маслиҳат намекунанд?

Президент дар посух гуфт: “Албатта, ман дар назди наздиконам талаботи сахт мегузорам. Ман ҳамеша аз онҳо даъват мекунам, то ки иштибоҳҳои гузаштаро такрор накунанд ва ба умури давлатӣ дахолат накунанд. Ман ба ин роҳ намедиҳам. Қаблан ман худам дигаронро танқид мекардам. Вале ҳоло худам ба ин ҳолат афтодам. Ман барои ҷиянам аз мардум узр мепурсам”.

Содир Ҷабборов изшори умед кард, ки ҷиянаш Лаззат Нурхоҷаева низ ба ҳарфи мардум гӯш хоҳад дод ва “барои худ аз ин қазия хулосаҳои дуруст хоҳанд баровард в адар оянда ҳар як қадамашро оқилона ва боандеша хоҳад гузошт”.

Дар айни замон Ҷабборов гуфт, вазорати ҳолатҳои фавқулодда беш аз 20 чархбол дорад, ки барои анҷоми парвозҳои тиҷоратӣ ба иҷора низ дода мешаванд ва пули аз ин ҳисоб ҷамъомада дар як суратҳисоби махсус барои харидори чархболҳои нав нигоҳ дошта мешавад.

Дар вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон дар шарҳи ин қазия хабар доданд, ки дар ҳақиқат, рӯзи 21 июн бо як нафар дар мавриди як соат ба иҷора додани чархбол созишнома баста шуд. Парвоз рӯзи 24 июн баъди пардохти пули иҷора сурат гирифта, 56 дақиқа давом кардааст. Вазорат гуфт, 157  ҳазору 662 сом (тақрибан 1800 доллар) пули иҷораи чархболро нафаре бо номи Ҳафттандил Собирбеков супурдааст. Бино ба хабарҳо, маҳз ҳамин одам ба ҷияни президент пешниҳоди издивоҷ кардааст.

Дар вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон ҳамчунин хабар доданд, ки афроди алоҳида метавонанд бо дастани шартнома дар ивази 157 ҳазору 662 сомонӣ барои як соат чархболи тамғаи “H-125 Airbus” ва дар баҳои 262 ҳазору 770 сомонӣ (тақрибан 3 ҳазор доллар) барои як соаташ чархболи тамғаи  “H-145 Airbus”-ро ба иҷора бигиранд.

Аммо маросими пурдабдабаи фотиҳаи ҷияни президенти Қирғизистон дар ҳоле буд, ки Содир Ҷабборов мансабдорони дигар ва сокинонро барои исрофкорӣ ва тӯю маъракаҳои пурдабдаба танқид мекунад. Дар поёни соли 2022 ӯ аз мансабдорон танқид кард, ки бо иштироки аз 500 то 1000 меҳмон тӯю маърака барпо мекунанд. Дар аввали соли 2022 Ҷабборов бо имзои як фармон забҳи чорворо дар рӯзҳои маросими дафн манъ кард. Ӯ дар шарҳи фармонаш гуфт, маросими дафн дар Қирғизистон “мисли тӯй” шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button