ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН: НАБАРДИ ЯК ИСЛОҲТАЛАБ БО ЧАНД НОМЗАДИ УСУЛГАРО

Рӯзи 28 июни соли 2024 дар Эрон интихоботи пеш аз муҳлати президенти ин кишвар доир мешавад. Ба ин интихобот, ки дар пайи бар асари суқути чархболаш дар моҳи май ҳалок шудани раисиҷумҳури қаблӣ Иброҳим Раисӣ эълон шуд, аз сӯи Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ танҳо 6 номзад роҳ дода шуд, ки ба истиснои Масъуди Пизишкиён, ягона номзади ислоҳталабон, 5 номзади боқӣ ҳама аз ҷиноҳи муҳофизакорон ва тундравон намояндагӣ мекарданд.

Дар арафаи овоздиҳӣ ду номзади муҳофизакорон: шаҳрдори Теҳрон Алиризо Зоконӣ ва Амирҳусейн Қозизодаи Ҳошимӣ аз ҷиноҳи президенти фақид Раисӣ номзадии худро пас гирифтанд. Қозизода аз номзадҳои дигари муҳофизакор низ хост, ки номзадиашонро бигиранд ва бо ин амал “ҷабҳаи инқилобро тақвият бахшида”, овозҳои тарафдорони муҳофизакоронро байни худ тақсим накунанд. Зоконӣ низ эълон кард, ки бо ҳадафи роҳ надодан ба “раёсати сеюми Ҳасани Рӯҳонӣ” номзадиашро пас мегирад. Номзади ислоҳталабон Масъуди Пизишкӣ нафари таҳти ҳимояти Муҳаммадҷаводи Зариф дониста мешавад. Зариф дар давраи президентии Рӯҳонӣ вазири хориҷа буд ва маҳз ӯ муомилаи ҳастаӣ бо Ғарбро аз номи Эрон имзо кардааст.

Дар пешорӯи овоздиҳӣ як нигаронии ҷиддии муҳофизакорон боз ҳам ин аст, ки овозҳои тарафдорони онҳо метавонад дар байни чанд номзад тақсим шуда, Пизишкиёнро, ки ягона номзади ислоҳталабон аст, пешсаф намудор бисозад ва ҳатто кори интихоботро ба даври дуюм бикашонад. Иттифоқе, ки муҳофизакорон чандон ба рух доданаш майл нишон намедиҳанд ва мехоҳанд интихобот дар даври аввал ва бо пирӯзии бечунучарои нафари онҳо анҷом шавад.

Бино ба натиҷаҳои яке аз назархоҳиҳои дар арафаи овоздиҳӣ анҷом шуда, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст, Пизишкиён дар ҳақиқат нисбат ба номзадҳои дигар пешсаф ба назар мерасад: 

Охирин назарсанҷӣ:

1) Масъуди Пизишкиён – 23.5 дарсади оро;

2) Муҳаммадбоқири Қолибоф – 16.9 дарсади оро;

3) Саъиди Ҷалилӣ – 16.3 дарсади оро;

4) Қозизодаи Ҳошимӣ – 3.2 дарсади оро;

5) Алиризо Зоконӣ – 1.2 дарсади оро;

6) Мустафо Пурмуҳаммадӣ – 0.5 дарсади оро.

Бо ҳазфи номзадии Зоконӣ ва Қозизода, дар баргаҳои раъй ин 4 номзад боқӣ мондаанд:

  1. Раиси 62-солаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони Эрон ва шаҳрдори собиқи Теҳрон Муҳаммадбоқири Қолибоф;
  2. Масъуди Пизишкиён, вакили парлумон аз ҷиноҳи ислоҳталабон;
  3. Саид Ҷалилӣ, раҳбари собиқи ҳайъати Эрон дар музокироти барномаи ҳастаияш бо Ғарб ва намояндаи кунунии раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар Шӯрои олии амнияти миллӣ;
  4. Мустафо Пурмуҳаммадӣ, собиқ вазири кишвар (корҳои дохилӣ) ва раҳбари собиқи қувваи қазоия, аз ҷиноҳи тундравон.

Бовар меравад, ки рақобат асосан байни Пизишкиён аз як сӯ ва Қолибофу Ҷалилӣ аз тарафи дигар сурат хоҳад гирифт. Пурмуҳаммадӣ, тавре аз назархоҳиҳо бармеояд, тарафдори чандоне надорад.

Ёдовар мешавем, Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди ғайримунтахаб, вале пурнуфуз дар низоми Ҷумҳурии исломӣ, номзадии даҳҳо довталаби дигар, аз ҷумла сиёсатмадорони дар Эрон пуртарафдоре, чун раисиҷумҳури собиқ Маҳмуди Аҳмадинажод ва раиси собиқи парлумон Алии Лориҷониро рад кард ва пеши роҳи иштироки онҳоро дар интихоботи рӯзи 28 июн баст. Дар умум, барои иштирок дар интихоботи президентии Эрон ҳудуди 80 нафар, аз ҷумла чанд зан, худро ҳамчун довталаб пешбарӣ карда буданд, вале ба ҷуз аз 6 номзади тасдиқшуда беш аз 70 тани боқимонда марҳалаи тасдиқ аз ҷониби Шӯрои нигаҳбонро гузашта натавонистанд.

Эрон бо ҳудуди 90 миллион аҳолиаш яке аз кишварҳои бузурги мусулмонӣ ва бузургтарин кишвари форсизабон ба шумор меравад. Соли 1979 шоҳи Эрон Ризо Паҳлавӣ сарнагун карда шуд ва қудратро дар ин кишвар рӯҳониёни тундрави шиъа ба дасти худ гирифта, ба ҷои низоми шоҳӣ ҷумҳурии исломӣ таъсис доданд.

 Дар низоми ҷумҳурии исломии Эрон интихоботи алтернативӣ иҷозат дода мешавад, вале номзадҳо танҳо баъди дарёфти ризоият ва иҷозати Шӯрои нигаҳбон ба интихобот роҳ дода мешаванд.  Ин Шӯро нафарони пурнуфуз аз миёни рӯҳониёни шиъаро дар бар мегирад,

Ҷумҳуриии исломии Эрон дар тӯли солиёни зиёд ба далели барномаи ҳастаияш, ҳамчунин барои поймол кардани ҳуқуқи инсон ва даст доштан дар ҳамлаҳои террористӣ таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button