ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ПАНҶ ПУЛУ ТЕЛЕФОНИ ЯК ПИРАЗАНИ МЕҲМОН АЗ ДУШАНБЕРО БА ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 26 июни соли 2024

Боздошти ҷавони 20-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

146

Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ бо ариза зани 67-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки субҳи 24-уми июни соли 2024, тахминан соати 09:20, дар бозори ҷамоати шаҳраки Панҷ шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ ҳамёнашро, ки дар дохилаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-12”, 1-адад гӯшвори тиллоӣ ва 750-сомонӣ буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 4 ҳазору 550 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ҳалокати духтари 14-сола дар ҳодисаи нақлиётӣ

142

Субҳи 25-уми июни соли 2024, тахминан соати 06:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Ҳамроқулов Акрам Иззатуллоевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истарвшан, ҳангоми ҳаракат дар 234-ум километри шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Лакати ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба хараробаи аз пеш ҳаракат кардаистода бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Ҷӯраева Санҷана Анваровна, соли таваллудаш 2010, сокини шаҳри Истаравшан, ки дар болои харароба қарор дошт, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ифшо шудани ду ҳолати даст ба дуздӣ задани ҷавони 23-сола

158 2

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, 25-уми июни соли 2024, тахминан соати 16:40-дақиқа, ҳангоми дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ 1-адад таҷҳизоти “Сони-5 Слим”-ро бо 2-адад таҷҳизоти корфармо (ҷойстик) дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ба марди 33-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ, 20-уми июни соли 2024, тахминан соати 16:40-дақиқа, ҳангоми дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ 1-адад таҷҳизоти “Сони”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки дар натиҷа ба ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба маблағи 17 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани марди 43-сола бо ҷурми дуздӣ

101

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 43-солаи сокини шаҳри Панҷакент, 21-уми июни соли 2024, тахминан соати 12:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 68-солаи сокини шаҳри мазкур 24 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button