ВидеоСиёсатТоҷикистон

ДАР ПАЙИ УСМОНЗОДА, МУОВИНАШ АҲМАДШОҲ КОМИЛЗОДА НИЗ БОЗДОШТ ШУДААСТ

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, боздошт шудааст. Аъзои хонаводааш барои шарҳи ин хабар дастрас нестанд. Мақомоти интизомӣ расман дар ин бора чизе намегӯянд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 27-уми июн гуфт, Аҳмадшоҳ Комилзода аз 15-уми июн дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) нигаҳдорӣ мешавад. Вай аз додани ҳама гуна ҷузъиёт худдорӣ намуд.

Манбаи дигари наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон хабари боздоштро тасдиқ кард ва афзуд, рӯзи 16-уми июн дар манзили Аҳмадшоҳ Комилзода кофтуков сурат гирифта, компютер, қайдҳо ва телефони дувуми ӯ мусодира шудаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, “боздошти Комилзода ба қазияи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси пешини зизби демократ марбут аст.” Манбаъ гуфт, “алайҳи Комилзода парванда боз шудааст”, вале намедонад, ки бар асоси кадом банди қонун.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июн бо гумони “кӯшиши ғасби ҳукумат” боздошт шуд. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 12 июн дар парлумон гуфт, Усмонзода дар масъалаи ғасби ҳокимият аз раҳбарони оппозитсия ваъдаи кумак бо пул ва ҳам бо ирсоли беш аз 3 ҳазор ҷангии “Ансоруллоҳ” гирифта, ҳамчунин аз намояндаи як кишвари хориҷӣ барои анҷоми ин нақша 10 миллион доллар пул хостаст.

Дар пайи боздошти Усмонзода дар бораи бозҷӯии даҳҳо нафар дар чорчӯби парвандаи ӯ ва боздошти чанд тани дигар, аз ҷумла собиқ иҷрокунандаи вазифаи президент ва раиси Шӯрои олӣ Искандаров ва собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ хабарҳо ба даст расиданд. Мақомот боздошти онҳоро низ то ҳол шарҳ надодаанд.

Дар аввали моҳи май гурӯҳе, ки худро узви ҲДТ меномиданд, дар ҷаласае Усмонзодаро барканор ва ба ҷояш Шаҳбози Аброр, рӯзноманигор ва молики чанд расонаи чопиро раҳбар интихоб карданд. Аҳмадшоҳ Комилзода, ки то ин он вақт муовини Усмонзода дар ҳизб буд, дар ин анҷуман муовини аввали Шаҳбози Аброр интихоб шуд. Ба гуфтаи як шахси огоҳ аз қазия, интизор мерафт, ки Комилзода ба ҷойи Усмонзода узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон шавад.

Аҳмадшоҳ Комилзода дар поёни солҳои 90-ум узви раёсати ҷунбиши миллии “Растохез” ва соли 1992 мудири телевизиони Тоҷикистон буд. Соли 1993 ҳамроҳ бо чанд рӯзноманигори дигари телевизион боздошт шуд ва қариб ду солро дар зиндон сипарӣ карда, моҳи ноябри соли 1994 дар ҷараёни мубодилаи асирон байни ҳукумат ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик иваз карда шуд ва ба Эрон рафт.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ташкили Комиссияи оштии миллӣ сухангӯи ин Комиссия буд. То соли 2011 хабарнигори “Садои Амрико” дар Тоҷикистон буд.

Манбаъ: радиои зану шӯ Аюбовҳо

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button