ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

8 ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ТЕРРОРИЗМРО АЗ АМРИКО ИХРОҶ МЕКУНАНД

 8 зодаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Амрико бо иттиҳоми иртибот бо террористҳо дастгир шудаанд, ба зудӣ аз қаламрави Иёлоти Муттаҳида ихроҷ хоҳанд шуд.

Дар ин бора рӯзи 26 июни соои 2024 дар нишасти хабариаш вазири амнияти дохилии Амрико Алехандро Майоркас хабар дод.

8 нафаре, ки инҷо зикр кардед, дар ҳақиқат дар боздошт қарор доранд “, – тасдиқ кард Майоркас. Ӯ афзуд, ки ҳамаи онҳо дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи баррасии раванди ихроҷашон аз қаламрави Иёлоти Муттаҳида қарор доранд. Майоркас дар ин бора ҷузъиёти дигар надод.

Қаблан, рӯзи 11 июни соли 2024 як қатор расонаҳои Амрико хабар доданд, ки дар ҷараёни амалиёти муштараки Идораи тафтишоти федералӣ (ФБР), департаменти амнияти дохилӣ ва хадамоти муҳоҷират дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия 8 зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми робита бо созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дастгир шуданд.

The New York Post хабар дод, ки 6 тан аз ин 8 боздоштшуда  зодаи Тоҷикистон, вале шаҳрванди Русияанд. Ҳамаи онҳо аз тариқи марзи ҷанубӣ (масири Мексика) вориди Амрико шудаанд, аз ҷумла ду нафараш ҳанӯз дар баҳори соли 2023. Ба иттилои Fox News, онҳоро баробари убури марз ҳабс кардаанд, аммо дар аввал нисбат ба онҳо ягон маълумоти манфӣ пайдо накарда, ҷавобашон додаанд. Бо ДОИШ иртибот доштани онҳо баъдтар маълум шудааст.

ФБР дар тӯли чандин моҳ  аз паси онҳо поида, аз ҷумла телефонҳояшонро гӯш мекардааст. Манбаи The New York Post гуфтааст, ки ҳангоми суҳбат бо телефон “яке аз онҳо дар бораи бомба ҳарф задааст” ва эҳтимолан сухан дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ба мисли ҳамлаи хунини соли 2013 дар дави марафонӣ дар шаҳри Бостон мерафт.

“Таркиш дар марафони Бостон дар ёдатон ҳаст? Метарсам, ки метавонист чунин як фоҷиа ваё ҳатто бадтар аз он дигарбора такрор шавад”, – гуфтааст ҳамсуҳбати The New York Post. Бар асари ҳамлаи соли 2013 дар Бостон 3 нафар кушта ва 280 нафар захмӣ шуданд. Гуфта мешуд, он ҳамларо бародарони чечентабори зодаи Қирғизистон Тамерлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳо анҷом додаанд. Тамерлан ҳангоми ҳамла кушта шуд, Ҷавҳарро баъдан ба қатл маҳкум карданд.

Аммо феълан ба зидди 8 тоҷикистонии дастгиршуда расман иттиҳоми терроризм эълон нашудааст, онҳоро танҳо ба далели вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират дастгир кардаанд ва дар боздоштгоҳи Хадамоти муҳоҷират нигоҳ медоранд ва санадҳояшонро барои ихроҷ омода карда истодаанд.

Бино ба иттилои New York Post, аз моҳи октябри соли 2020 то моҳи майи соли 2024 аз тариқи марзи ҷанубӣ дастикам 1500 зодаи Тоҷикистон вориди Иёлоти Муттаҳида шудаанд. Дастикам 500 нафари онҳо, бино ба санадҳое, ки ин нашрия ба даст овардааст, аз аввали соли 2024 дастгир шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар тӯли 14 соли қабл аз соли 2020 аз тариқи Мексика ҳамагӣ 26 зодаи Тоҷикистон вориди Иёлоти Муттаҳида шуда будааст.

Ҷовид Алӣ, як мансабдори собиқи амрикоӣ, ки дар умури мубориза бо терроризм кор мекард, афзоиши шумораи зодагони Тоҷикистон дар байни муҳоҷироне, ки ба Амрико меоянд, метавонад баёнгари омодагии ДОИШ барои ташкили ҳамлаҳо дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида бошад.

New York Post  рӯзи 20 июн хабар дод, ки гуруҳе аз вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико аз вазири амнияти дохилӣ Алехандро Майоркас дар робита ба боздошти зодагони Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ шарҳи муфассал хоста, аз ӯ талаб кардаанд, ки то 27 июн ба муҳокимаи ин масъала дар кумитаҳои марбутаи Маҷлиси намояндагон ҳозир шавад.

“Дар номаи ҷадиди раиси кумитаи амнияти дохилии палатаи поёнии Конгресс Марк Грин ва раҳбарони чанд зеркумита аз Алехандро Майоркас тақозо шудааст, то шарҳ бидиҳад, ки оё ниҳодҳои марзбонӣ дар бораи бо терроризм алоқа доштани ин 8 зодаи Тоҷикистон хабар доштанд?”, — навишта шудааст дар мақолаи ин нашрия. Қаблан расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки он 8 зодаи Тоҷикистон аз марзи Мексика бо Амрико озодона гузашта, вориди Амрико шудаанд ва иртибот доштани онҳо бо ДОИШ танҳо баъди ба таҳқиқи фаъолиятҳои онҳо пардохтани ФБР ошкор шудааст.

Рӯзи 4 июни соли 2024 президенти Амрико Ҷо Байден фармони шадидтар кардани назорат дар марзҳои ҷанубиро имзо кард, ки бар асоси он ба муҳоҷироне, ки аз ин роҳ меоянд, дигар дар Иёлоти Муттаҳида паноҳгоҳ нахоҳанд дод.

Ба дунбол номаи расмие нашр шуд, ки бар асоси он, ба марзбонони аёлати Калифорнияи Амрико амр дода шудааст, ки муҳоҷирон аз 6 кишвари собиқ СССР: Русия, Гурҷистон, Молдова, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки аз тариқи Мексика вориди Амрико мешаванд, билофосила ва бидуни  пурсишу чуну чаро аз Иёлоти Муттаҳида ихроҷ кунанд.

Ёдовар мешавем, чанд вақт боз роҳи Мексика ба яке аз масирҳои умда барои интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Иёлоти Муттаҳида табдил ёфтааст. Ах ин роҳ барои расидан то хоки Амрико ҳазорон муҳоҷир аз собиқ СССР, аз ҷумла аз Русияву кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон фаровон истифода мебурданд.

Ваале ҳоло мақомоти Амрико нисбат онҳое, ки аз тариқи ғайриқонунӣ аз роҳи Мексика мехоҳанд вориди Иёлоти Муттаҳида мешаванд, хеле ба сурати шадид бархӯрд мекунанд. Ба рӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ комилан бастани роҳи Мексика аз ҷумлаи талабҳои вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико буд, ки барои ин ҳатто қабули бастаи нави кумакҳои ҳарбӣ ба Украинаро чандин моҳ ба ақиб партофтанд. Дар ниҳоят маъмурияти президент Байден ҳамчун гузашт сиёсаташро нисбат ба муҳоҷирони ғайриқонунии тоза ворид гардида шадид кард ва ҳоло чунин муҳоҷиронро ба таври оммавӣ аз Амрико ихроҷ карда истодаанд.

Ҳамин тавр, бисёре аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ таҳти таҳдиди таҳримоти Амрико тафтиши мусофирони роҳии Мексика ва кишварҳои атрофи онро шадидтар кардаанд ва мусофирони шубҳабарангезеро, ки бо худ чиптаи парвози бозгашт надоранд ва дар дасташон маблағи кофӣ надоранд, бе ягон шарҳу тафсир ба парвозҳояшон роҳ намедиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button