ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

“СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲО БАЙНИ ДУШАНБЕВУ ИСЛОМОБОДРО АЗ САР МЕГИРАД

Ягона ширкати ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Покистон, шаҳри Исломобод барқарор мекунад. Хадамоти матбуоти ширкат изҳори итминон кард, ки азсаргарии парвозҳо байни Душанбеву Исломбод барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар такони нав бахшида, барои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Парвози нахустин дар хайтсайри Душанбе  – Исломобод – Душанбе санаи 27-уми июни соли 2024 сурат мегирад ва минбаъд парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.

 Вақти парвоз аз Душанбе соати 10:30, аз Исломобод – 13:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Тӯли парвоз 2 соатро ташкил дода, парвозҳои мустақим тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иҷро мегарданд.

 Фурудгоҳи байналмилалии Беназир Бҳутто аз рӯи бузургиву имконот сеюмин фурудгоҳи бузурги Покистон дониста мешавад. Аз фурудгоҳи Исломобод парвозҳои мустақим ба Амстердам, Бангкок, Барселона, Бирминҳем, Копенҳаген, Лондон, Манчестер, Милан, Осло, Порис, Пекин, Рум, Истанбул, Токио, Торонто, Абу-Забӣ, Баҳрайн, Ҷидда, Давҳа, Дубай, Кобул, Қувейт, Масқат, Трабзон, Урумчӣ, Шарҷа, Риёз ва дигар шаҳрҳо анҷом додамешаванд.

 Баъди соли 2019 ба иллати мушкилоти молиявӣ ҳамаи парвозҳояшро қатъ кардани ширкати “Тоҷик Эйр”, “Сомон Эйр” инак 5 сол боз ягона ширкати фаъоли ҳавопаймоии Тоҷикистон ба шумор меравад. “Сомон Эйр” дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва ба шаҳрҳои гуногуни Русия ва инак ҳамчунин ба Покистон парвозҳо анҷом медиҳад.

 Ин дар ҳолест, ки парки “Сомон Эйр” аз ҳамагӣ чанд ҳавопаймои ангуштшумори тамғаҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.

Танҳо дар моҳҳои апрелу майи соли ҷорӣ “Сомон Эйр аз ифтитоҳи се парвози нав: аз Душанбе ба Остона, аз Хуҷанд ба Урумчӣ ва байни Душанбеву Тифлис ва афзоиши парвозҳояш ба Мюнхен ва инак аз шурӯи дубораи парвозҳояш ба Исломобод хабар дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button