ВидеоКоррупсия

ПАРВАНДАИ РАҲБАРИ ШИРКАТИ “ГАРДУН” БАРОИ ФИРЕБИ 82 НАФАР БО ВАЪДАИ ҶОИ КОР ДАР ЧЕХИЯ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 июни соли 2024 дар бораи ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи қаллобии директори оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶДММ “Гардуна” Тоҳир Рустамов хабар дод. Рустамов ба он айбдор мешавад, ки бо ваъдаи ҷои кор дар корхонаи машҳури мошинсозии “Шкода” дар Чехия азҳ 82 шаҳрванди Тоҷикистон қариб 60 ҳазор доллар гирифт, вале онҳоро фиреб додааст. Додгоҳ 5 сол пеш мудири кулли “Шардуна” Бахтиёр Арабов ва сармуҳосибаш Товус Хушқадамоваро, ки ҳамсари Тоҳир Рустамов буд, 8-солӣ ҳукми зиндон дода буд.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Рустамов Т.А. дар вазифаи директор оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶДММ “Гардуна” кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо директори генералии ҷамъият Арабов Б.Г., сармуҳосиби ҷамъият Хушқадамова Т.М. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чехия Васлав С. бо роҳи фиреб ба боварии 82 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, аз номбурдагон барои дар Ҷумҳурии Чехия бо ҷои кор таъмин намудан дар умум 98 ҳазору 500 сомонӣ ва 50 ҳазору 430 доллари ИМА гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд”.

Тафсилоти дигари қазия оварда нашудааст. Афроди муттаҳам дар ин парванда ваё адвокатҳои онҳо ва ҳамин тавр, назари даҳҳо ҷабрдида дастрас нест.

Агентӣ гуфт, дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Рустамов Т.А. бар асоси моддаи 247, исми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан калон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Соли 2019 гурӯҳе аз корҷӯёни тоҷик шикоят карда буданд, ки ширкати “Гардуна” бо ваъдаи таъмини ҷой кор дар Ҷумҳурии Чех аз онҳо маблағҳои зиёд гирифтааст, вале на бо ҷойи кор таъмин кардааст ва на пулашонро баргардонидааст. Гуфта мешуд, ки ба корафтодагон дар “Гардуна” ваъда дода будаанд, ки ҳамаи онҳоро дар корхонаи машҳури мошинсозии Чехия, ки мошинҳои тамғаи “Шкода” тавлид мекунанд, бо ҷои кор таъмин мекунанд.

Соли 2019 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Бахтиёр Арабов ва Товус Хушқадамова, мудири кул ва сармуҳосиби ширкати “Гардуна” бо ҷурми фиреб додани даҳҳо нафар ва аз худ кардани 90 ҳазор доллари онҳо ҳар кадом ба муддати 8 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Он вақт Тоҳир Рустамов аз масъулият фирор карда буд.

Наздикони Товус Хушқадамова ӯро бегуноҳ мешумурданд. Онҳо мегуфтанд, Хушқадамова “ягон кори ғайриқонунӣ накардааст” ва ӯ то охир бовар доштааст, ки корҷӯён дар Чехия бо кор таъмин мешаванд. “Баъд аз фирори Ватслав Скоҳоутил, шаҳрванди Чехия ва Тоҳир Рустамов, муовини ширкати “Гардуна”, ки шавҳари Товус Хушқадамова буд, корафтодагони ширкат маблағро аз ӯ талаб кардаанд”, — гуфта буд Фирӯза, хоҳари Товус Хушқадамова. 

Товус Хушқадамова 4 фарзанд дошт. Баъди зиндонӣ шуданаш фарзандони ӯро хешу табораш байни худ барои нигоҳубин тақсим карданд. Гулхизо Ашӯрбекова, модари Товус Хушқадамова гуфта буд, бо вуҷуди он ки духтараш худро гунаҳкор намедонад, талош кардааст 30 дарсади маблағи сокинонро баргардонад. “Агар ӯ гуноҳ медошт, суроғаашро иваз мекард. Гурехта, ба пеши шавҳараш мерафт, вале нарафт. Ӯ то охир фикр мекард, мушкил ҳал мешавад. Дар охир хонаашро ба гарав монд,” – гуфта буд модари Хушқадамова.

Инак, шавҳари 5 сол боз дар ҳоли фирори Товус Хушқадамоваро ёфта, оварда, парвандаашро ба додгоҳ супориданд. Ба ӯ то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аммо шаҳрванди Чехия Васлав Скоҳоутил, ки 5 сол пеш тавонист аз Тоҷикистон фирор кунад, ҳамчунон таҳти ҷустуҷӯ боқӣ мемонад.

Дар солҳои охир шумори торафт афзояндаи шаҳрвандони Тоҷикистон талош доранд, то ба ҷои Русия ба кишварҳои дуртару амнтар, аз ҷумла ба кишварҳои Аврупо ба муҳоҷирати корӣ бираванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button