ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАНОЗАНИИ ДУ РОНАНДА ДАР КӮЧАИ АЙНӢ (АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 24 июни соли 2024 хабар дод, ки аз ҷониби кормандони милитсияи Душанбе, барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ду ронанда дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахти Тоҷикистон, зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 21-июни соли ҷорӣ, тахминан соати 14:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зефира», рақами қайди давлатиаш 74 81 СТ 01, шаҳрванд Ахмедов Рустам Тӯйчиевич, санаи таваллудаш 04.01.1995, ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи С.Айнӣ бо шаҳрванд Ҳамроев Алишер Содиқович, санаи таваллудаш 3.04.1988, ронандаи мошини тамғаи «BYD», рақами қайди давлатиаш 72 66 TT 09, аз сабаби ҳангоми аз роҳ гузаштан ба ҳамдигар роҳ надодан, бо якдигар муноқиша кардаанд. Чуноне аз навори дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашргардида дида мешавад, дастгиршуда Ахмедов Рустам бо лагат Ҳамроев Алишерро латту кӯб кардааст, ки дар натиҷа ӯ ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.  Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз ҷарима то чанд соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button