ВидеоҲодиса

ҲАЛОКАТИ СЕ СОКИНИ СОЛХӮРДАИ ПАНҶАКЕНТ ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ЛАКАТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 23 июни соли 2024 дар як садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ  дар ҳудуди деҳаи Лакати ҷамоати Зарҳалол дар канори шаҳри Истаравшан се сокини солхӯрдаи Панҷакент ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои ВКД, 23-уми июни соли 2024, тахминан соати 16:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Рӯзиев Далер Бурҳонович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли деҳаи Лакати шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аввал ба мошини тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи Ёдиев Нусратулло Қобилович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрда, сипас ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Бобоҷонов Хушбахт Обитҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Истаравшан бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садама, мусофирони «Опел-Зафира», Шоҳимардонов Султон, соли таваллудаш 1942 ва Дӯстов Ҷӯрамурод Аҳмадович, соли таваллудаш 1961, сокинони шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари ин мошин Ҳоҷиева Рисолат, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Панҷакент,  бар асари ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ронандагони автомашинаҳои тамғаҳои «Опел-Астра» Рӯзиев Д. ва «Опел-Зафира» Ёдиев Н. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

 Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

ИДОРАИ ПОЙГОҲИ ХАБАРИИ “БОМДОД” БА ЖУРНАЛИСТИ ШИНОХТА ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО БА САБАБИ МАРГИ ТАҒОЯШ ДАР ИН САДАМА ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ МЕКУНАД.

МАКОНИ ОХИРАТИ ҚУРБОНИЁН ҶАННАТ БОД!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button