ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ЗАНИ РОҲРӮБ, ДУХТАРЧАИ ДАҲСОЛА ВА ҲАМСАРИ РОНАНДА ДАР СЕ САДАМА

Шаби 22-юми июни соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай-Старекс», Сафаров Фарҳод Ашӯралиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Р.Набиев ба самти кӯчаи Озодии Занони шаҳри Душанбе, шаҳрванд Абдуллоева Қурбонгул Акрамовна, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа, Абдуллоева Қ.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

РВКД Душанбе иловатан хабар дод, ки Қурбонгул Абдуллоева ҳамчун роҳрӯб дар муасиссаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино кор мекард. Ба иттилои ин ниҳод, нисбат ба ронанда бар асоси моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, парванда кушодаанд.


23-юми июни соли 2024, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Сатторов Бахтовар Шукурович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Файзобод ба самти шаҳри Роғун бехтарии ҳаракати роҳро риоя накарда, дар ҳудуди ноҳияи Файзобод бо қисмати пеши автомашина, пиёдагарди ноболиғ Муҳиддинзода Сумаяи Абдурашид, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст. Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳатҳо вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин 20-уми июни соли 2024, тахминан соати 19:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Бозорзода Зафар Хушмурод, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ховалинг, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Вайсов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои ядаки трактор, таҳти идораи Салимов Бобохон Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони мошини тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимова Шарифамо Саидовна, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин ноҳия ва 3 фарзанди ноболиғаш, ки ҳамсар ва фарзандони ронанда Бозорзода З. мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ҳамсари ронанда Раҳимова Ш.С. ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

 Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button