ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

КУШТА ШУДАНИ БЕШ АЗ 20 НАФАР, АЗ ҶУМЛА15 КОРМАНДИ ПУЛИС БАР АСАРИ ҲАМЛАҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ДОҒИСТОН (ВИДЕО)

Дар ҷумҳурии Доғистони Русия ба ёди қурбониёни ҳамлаи шоми 23 июни соли 2024 ба ду калисо ва ду синагога дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбанд се рӯзи мотам эълон карданд.

Дар ҷараёни ҳамлаҳои шоми якшанбе 15 корманди пулис, аз ҷумла сардори пулиси шаҳри Дагестанские огни, дастикам 5 тан аз ҷангҷӯён ва чанд нафари мулкӣ, аз ҷумла посбон ва роҳиби калисои православии шаҳри Дарбанд кушта шуданд. Бино ба хабарҳо, ҳамлагарон гулӯи роҳиби 66-сола Николайро буридаанд.

Дар байни ҷангҷӯёни кушташуда ду писар ва ҷияни раиси ноҳияи Сергоқалъа Муҳаммад Умаров низ будаанд. Ин мансабдорро алакай аз мансаб ва аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ронда, ба ҳабс гирифтаанд.

Раҳбари Доғистон генерал Сергей Меликов дар фармонаш гуфт: 24, 25 ва 26 июн дар Доғистон рӯзҳои мотам эълон карда шаванд. Дар рӯзҳои мотам дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ парчамҳои давлатӣ пойин фароварда шаванд. Муассисаҳои давлатӣ ва шабакаҳои радио ва телевизион тамоми барномаҳо ва чорабиниҳои тафреҳиро бекор кунанд. Ба ҳукумати Доғистон дастур дода шудааст, ки барои расонидани кумак ба хонаводаҳои кушташудагону осебдидагон тамоми чораҳои лозимро бияндешанд”.

Мақомоти Доғистон гуфтаанд, ки ҳамлагарон аъзои созмони байналмилалии террористӣ буданд. Мақомот номи созмонро нагирифтанд, вале масъулияти аксари ҳамлаҳои хунини террористии солҳои охирро созмони террористии ДОИШ ва вақтҳои охир бахши афғонистонии ин созмони дар аксари кишварҳо мамнӯъ – ДОИШ-Хуросон ба дӯш мегиранд.

Дар натиҷаи ҳамлаи шоми 22 июн дар Дарбанду Махачқалъа 15 корманди пулис ва чанд нафари мулкӣ кушта шуданд. Яке аз кушташудагон сардори пулиси шаҳри Дагестанские Огни Мавлудин Хидирнабиев аст, ки барои кумак дар амалиёти зидди ҳамлагарон ба Дарбанд омада буд. Ӯ дар ҷараёни тирпаронӣ бо ҷангҷӯён ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расид.

Дар бораи шумораи ҳамлагарон ба Махачқалъаву Дарбанд ҳанӯз як маълумоти дақиқ нест. Дар бораи кушта шудани дастикам 5 ҷангҷӯ хабар медиҳанд. Бино ба гузоришҳо, дар байни онҳо ду писар ва ҷияни раиси ноҳияи Сергоқалъа Муҳаммад Умаров низ будаанд. Гуфта мешавад, ки саркардаи ҳамлагарон яке аз фарзандони Умаров будааст. Раиси Сергоқалъа, ки 9 фарзанд доштааст, алакай дастгир ва аз мансаб ронда шуда, саҳифаашро аз сомонаи расмии ҳизби ҳокими “Единая Россия” низ бо шитоб пок карданд.

Бахши доғистонии ҳизб хабар дод, ки Муҳаммад Умаров “ба сабаби аъмоле, ки ҳизбро бадном мекунанд”, аз саффи “Единая Россия” хориҷ карда шуд.

Дар байни ҷангҷӯёни кушташуда ҳамчунин Ҳоҷимурод Қоҳирови 28-сола, устоди варзиш дар гӯштини тарзи озод ва дастпарвари мактаби Абдулманоф Нурмуҳаммадов, падари Ҳабиб Нурмуҳаммадворо шинохтаанд. Ҳоҷимурод Қоҳиров дар бошгоҳи ҷангҳои бидуни қоида (ММА), ки Ҳабиб  бо номи Eagles MMA таъсис дода буд, машқ мекард ва дар ин навъи варзиш лар лигаи GCE ду набард анҷом дода, дар ҳарду набардаш пирӯз шуда буд.

Ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Дарбанду Махачқалъа наздикиҳои шоми якшанбе, 22 июн оғоз ёфт. Дар Дарбанд силоҳбадастон бо автоматҳо ба калисои “храм Покрова Пресвятой Богородицы” дар кӯчаи Ленин ва синагога, яъне маъбади яҳудиён бо номи Қалъаи Намоз дар кӯчаи Тағизода ҳамла карданд. Дар пайи тирпаронӣ синагога оташ гирифт. Анҷумани яҳудиёни Русия гуфт, ҳамла ба маъбади яҳудиён дар Дарбанд қабл аз намози шом сурат гирифтааст.

Дар натиҷаи ҳамла ба калисои Дарбанд посбони ин калисо ва роҳиб протоиерей Николай Котелников, ки 66 сол дошта, беш аз 40 сол боз дар калисо хидмат мекард, кушта шуданд. Бино ба гузоришҳо, ҳамлагарон гулӯи роҳибро буридаанд.

Тақрибан ҳамзамон бо ҳамлаи Дарбанд силоҳбадастон дар Махачқалъа як посгоҳи пулис дар кӯчаи Ермошкин ва  синагогаи воқеъ дар наздикии ин посгоҳро тирборон карданд. Ҳамчунин дар назди калисои ҷомеи “Свято-Успенский кафедральный собор” дар кӯчаи Орҷоникидзе ҳадафи ҳамла қарор гирифт. 19 тан аз роҳибон ва намозгузорон дар дохили калисо пинҳон шуданд. Онҳоро баъдан корманди пулис аз онҷо раҳо карданд.

Дар бораи тирпаронӣ дар деҳаи Сергоқалъа, ки 65 километр ҷанубтар аз Махачқалъа ҷойгир шудааст, низ хабарҳо ба даст расид. Дар инҷо афроди силоҳбадаст ба мошини пулис ҳамла оварданд. Дар натиҷа як корманди пулис ҷароҳат бардоштааст.

Махачқалъа бо беш аз 620 ҳазор аҳолӣ пойтахти ҷумҳурии Доғистон ва бузургтарин шаҳри минтақаи Қафқози шимолии Русия ба шумор рафта, дар соҳили баҳри Каспий ҷойгир шудааст.

Дарбанд ҳам, ки ҳудуди 130 ҳазор аҳолӣ дорад, дар соҳили баҳри Каспий ҷойгир шудааст, вале дар 125-километрии ҷанубушарқи Махачқалъа, дар домани кӯҳҳои Табасарон. Номи Табасарон, бино ба маъхазҳои таърихӣ, решаҳои эронӣ дошта, зоҳиран аз Табаристон, номи минтақае дар Эрон гирифта шудааст. Бовар меравад, дар замони таҳти султаи Эрон қарор доштани Доғистон ҷамъе аз сокинони Табаристонро ба инҷо муҳоҷир карда буданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 июн дар як барқияи таслият ба президенти Русия Владимир Путин ҳамлаҳои Доғистонро “ҳамлаи золимонаи террористӣ” номида, навишт:

“Мо дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори ҳамлаи золимонаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбентро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоиштаи Федератсияи Русия гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтем.
Тоҷикистон, ки беш аз 30 сол боз бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм мубориза мебарад, ин амалкарди ғайриинсонии зӯровариро дар Доғистон қотеъона маҳкум карда, аз ҳамкории фаъолона дар мубориза бо терроризм ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аъзои онҳо мебошанд, ҷонибдорӣ менамояд.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва ба тамоми мардуми Русияи дӯст таслияти амиқу ҳамдардии самимӣ изҳор менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button