ДУ СОКИНИ БАЛҶУВОНРО РАЪДУ БАРҚ КУШТ, ЯК ҶАВОНЗАНРО ДАР ПАНҶАКЕНТ СЕЛ БУРД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 23 июни соли 2024 ду сокини ҷавони ноҳияи Балҷувон дар ҷанубушарқи ҷумҳурӣ аз зарбаи раъду барқ ҷон бохта, як ҷавонзани 22-сола аз деҳаи Шашқат дар канори Панҷакент дар шимолуғарби кишвар ҳангоми сел ғарқ шудааст.
Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 23 июни соли 2024 ду сокини деҳаи Солимолидашти ҷамоати Тоҷикистони ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ки ҳамагӣ 18 ва 20 сол доштанд, ҳангоми ҷамъоварии хӯроки чорво дар саҳро аз зарбаи раъду барқ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин нимаи дуюми рӯзи 23 июн, соати 16:20, дар ҳудуди чанд деҳаи канори шаҳри Панҷакент, аз ҷумла дар деҳаҳои Панҷрӯд, Кӯлолӣ, Шашқат, Артуч сел омада, роҳҳои байни ин деҳаҳоро бастааст. Мутаассифона, як зани 22-сола аз деҳаи Шашқати ҷамоати ба номи Рӯдакӣ ҳангоми гузаштан аз сел ба об афтода, ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро пайдо карда, аз об баровардаанд.
Рӯзи 23 июн сел ҳамчунин дар деҳаи Ҳисори ҷамоати Бунҷинаки ноҳияи Шаҳристон роҳро баста, селе, ки субҳи барвақти 23 июн, соати 4:15 ба ноҳияи Лахш фурӯ рехт, як таҳхона ва ду ҳавлии сокинонро дар деҳаи Сариосиёи ҷамоати Наврӯз зери об кардааст.
Боз ҳам рӯзи 23 июн, соати 14:40, сел дар деҳаи Ёли ҷамоати ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин роҳи маҳаллиро хароб карда, фурӯ рехтани сел ҳамчунин боиси сангрез ва ярч (кӯчидани бораи кӯҳ) дар километрҳои аз 224 то 237-уми роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ ва масдуд шудани ин роҳи байналмилалӣ шудааст. Бо ҷалби техника ва кормандони хадамоти роҳ, оқибатҳои ин офати табиӣ бартараф ва ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ барқарор карда шудааст.