БОЗДОШТИ ДУХТАРИ КИСАБУР ДАР “КОРВОН” ВА ФИРЕБИ ДУ СОКИН БО ВАЪДА МУҲОҶИРАТ БА АМРИКО

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 24 июни соли 2024
Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ аз дохили сандуқи оҳанин ва ҷузвдон
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 16 ба 17-уми июни соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад сандуқи оҳанин (сейф)-ро, ки дар дохилаш 120 ҳазор сомонӣ, 4-адад таҷҳизоти гуногун ва 1-адад соати дастӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 27-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 46-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 30-юми декабри соли 2023, тахминан соати 11:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар дохили бозори ҶДММ “Корвон”-и шаҳри Душанбе ҷузвдони ӯро, ки дар дохилаш 10 ҳазор сомонӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Бо роҳи фиреб даст ба қаллобӣ задани марди 31-сола

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза мардони 50 ва 69-солаи сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд, ки марди 31-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки пеш бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариашон даромада, аз марди 50-сола 91 ҳазору 850 сомонӣ ва аз марди 69-сола 170 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки онҳоро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равон мекунад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, то ҳол онҳоро фиреб дода гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Гирифтани маблағ бо роҳи қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2018 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 18 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидаст.
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав аризаи марди 37-солаи сокини шаҳри Турсунзода ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2023 мардони 43 ва 44-солаи сокинони ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.