Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ РОНАНДАИ “ЖИГУЛИ” БАРОИ ШАБОНА ХАЛАЛДОР КАРДАНИ ОРОМИИ ШАҲРВАНДОН (АКС)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як ронандаро дар шаҳри Душанбе барои дар соатҳои шабона вайрон кардани ороммии шаҳрвандон 5 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Бино ба иттилои милитсия, шаби 17 июни соли 2024, тахминан соатҳои 21:00 ба 22:00, ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2107», рақами қайди давлатиаш 0777 ВН 10 Аҳмадов Исроил Иброҳимович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Ваҳдат, муваққатан бекор, дар кӯчаи Аҳрории назди майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе аз ҷойи исташ мошиншро яку якбора бо суръати баланд ба ҳаракат дароварда, ба истилоҳ “дриф” дода, бо ҳаракатҳои бетартибона оромии шаҳрвандонро халалдор намудааст.

Баъд аз муроҷиати шаҳрвандон мошини мазкур ба ҷаримагоҳи раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилӣ дастрас гардида, нисбат ба ронанда маводи маъмурӣ тартиб дода шуд. Рӯзи 19 июни соли 2024 бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбат ба Исроил Аҳмадов барои чунин кирдораш ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Тафсилоти дигари қазия нашр нашудааст. Худи Исроил Аҳмадов барои шарҳи қазия дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button