БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ БЛОГЕР БАРОИ НАШРИ АКСУ ВИДЕОҲОИ НИМАУРЁН ДАР ИНТЕРНЕТ (АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 июни соли 2024 бо нашри як матлаб таҳти унвони “Риояи одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳатмист!” аз боздошти Ҳусноро Муҳаммадиева ном як ҷавонзани блогери 26-солаи сокини кӯчаи С.Айнӣ бо иттиҳоми нашри аксу наворҳои нимаурёну ғайриахлоқӣ ва, ба ақидаи милитсияи пойтахт, “берун аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дур аз оини миллӣ” хабар дод.
Милитсия гуфт, шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба таври маҷозӣ ҳамчун макони ҷамъиятӣ шинохта мешаванд, доираи талабот ва одобу ахлоқи худро дошта, ҳар як истифодабарандаи онро мебояд чунин талаботро ба таври ҳатмӣ риоя намояд.
Бино ба гузориши милитсия, дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Муҳаммадиева Ҳусноро Шуҳратовна, санаи таваллудаш 06.08.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия гуфт: “Зимни санҷиш муайян гардид, ки Ҳусноро Муҳаммадиева дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи шахсии худро таъсис дода, бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиёни худ мунтазам расм ва наворҳои нимурёну гайриахлоқии худро нашр намудааст”. Милитсия афзуд, ки “воқеан чунин амали ношоиста, ки берун аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дур аз оини миллист, ба зеҳну ахлоқи наврасон таъсири манфии худро мерасонад”.
Милитсия гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Муҳаммадиева Ҳусноро маводи зарурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.
Маълум нест, ки ба зидди ин зани блогер бар асоси кадом банди қонун айбнома мураттаб кардаанд ва ба ӯ барои нашри аксу видеоҳои нимаурён чӣ ҷазое таҳдид мекунад?
Худи Ҳусноро Муҳаммадиева барои шарҳи қазия дастрас нест.
Аз аввали соли ҷорӣ милитсияи шаҳри Душанбе аз боздошти дастикам 5 блогер бо иттиҳоми нашри маводи ғайриахлоқӣ дар Интернет хабар додааст. Аксари онҳо ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 5 то 15 рӯз маҳкум шуданд ва танҳо як духтар бо ҷарима халос хӯрда буд.
Вақтҳои охир шумораи занону духтарони тоҷикистоние, ки дар Интернет аз ҳисоби нашри аксу видеоҳои нимаурёни худ ё бо нозу ишва ва чашмакзаниву абрӯпаронӣ мехоҳанд обуначӣ ҷамъ кунанд, зиёд шудааст. Корбарон чунин блогерҳоро барои паст задани обрӯи зану духтари тоҷик ва амали хилофи арзишҳои миллӣ ба боди интиқод мекашанд.

