Хабарҳои кӯтоҳ

1000-ДОЛЛАРӢ ҶАРИМАИ ДУ РОНАНДА БАРОИ ЯКЛУХТ СИЁШ КАРДАНИ ШИШАИ ПЕШ (АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 21 июни соли 2024 аз ошкор шудани ду ҳолати пурра сиёҳ намудани оинаи пеши воситаҳои нақлиёт  ва таҳдиди 10 ҳазору 800 сомонӣ, ё тақрибан 1000-долларӣ ҷарима ба ронандагони ҳарду мошин хабар дод.

Милитсия гуфт, яклухт бо плёнкаи сиёҳ рӯйпӯш намудани оинаи пеши воситаи нақлиёт, хилофи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба шумор рафта, нисбат ба чунин ронандагони қонуншикан ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шабонарӯзи гузашта ду ҳолати чунин қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “GMC”, рақамҳои қайди давлатиаш 11 11 NN 01, Қурбонзода Муҳаммадрасул Саъдуллоевич ва ронандаи автомошина тамғаи “Ҳундай Элантра”, Ҷалолов Мӯсо ки бо рақамҳои қайди давлатии бегона 003 DO 01 воситаи нақлиётро идора мекард, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуданд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳар ду ронанда оинаи пеши мошинашонро пурра сиёҳ намудаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Қурбонзода Муҳаммадрасул ва Ҷалолов Мӯсо тибқи талаботи қисми якуми моддаи 330 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуданд.

Худи Ҷалолов ва Қурбонзода барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале  тибқи моддаи 330 ба ҳар кадоме аз ин ронандагон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 10-ҳазору 800 сомонӣ таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон ронандагон барои сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳояшон, яъне барои “тонировка” бояд ҳар сол ба буҷаи давлат пули муайян супоранд. Имсол ҳаққи “тонировка” барои мошинҳои соли сохташон то 2005 дар ҳаҷми 4600 сомонӣ ва барои мошинҳои аз соли 2005 навтар дар ҳаҷми 6100 сомонӣ муайян карда шудааст. Тибқи қарори ҳукумат, маблағҳое, ки аз ҳисоби фурӯши андози “тонировка” ва ҳамчунин аз фурӯши рақамҳои мошини ба истилоҳ “крутой” ба даст меоянд, ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун равон карда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button