ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ШАВҲАРИ БЛОГЕР “СОФӢ” АЗ ҲАБС ОЗОД ШУД. ОЁ РУХШОНА УМЕДРО БОЗ БА ЗИНДАГИАШ РОҲ МЕДИҲАД? (ВИДЕО)

Умед Раҳматуллоев, шавҳари 32-солаи блогер Рухшона Раҳматуллоева, маъруф бо тахаллуси Soffi_1111, баъди адои 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, ба озодӣ баромадааст. Ӯро рӯзи 13 июни соли 2024 бар асоси шикояти ҳамсараш дастгир ва як ҳафта ҳабс карда буданд.

Ҳоло як суоле, ки дар зеҳни бисёриҳо чарх мезанад, ин аст, ки оё ин ҷуфт дубора ба ҳам хоҳанд омад ваё “аз гӯшаи боме, ки паридем, паридем”? Оё Рухшона Умедро дигарбора ба зиндагиаш роҳ хоҳад дод ё Умед баъди онки бар асоси шикояти ҳамсараш ӯро паси панҷара андохтанд, омода ҳаст, ба ин чашм бипӯшад ва ба пеши ҳамсари блогераш баргардад?

Ва дар ин лобало оё тақдири 3 фарзанди онҳо чӣ мешавад?

Назари Умед Раҳматуллоев ба ин ҳама моҷарое, ки гузашт, маълум нест, вале Рухшона, тавре аз матлабҳои ахираш бармеояд, зоҳиран ба зиндагии муштаракаш бо Умед нуқта гузоштанист.

Ӯ рӯзҳои охир дар саҳифааш дар Инстаграм, ки 430 ҳазор обуначӣ дорад, паиҳам матлабҳоеро ба пуштибонӣ аз занони қурбони зӯроварии оилавӣ мегузорад.

“Софӣ” ҳамчунин дар як муроҷиатномаи видеоӣ муфассал шарҳ дод, ки чорае ба ҷуз аз шикоят бурдан ба мақомот аз шавҳари муштзӯраш надошт.

Рухшона Раҳматуллоева, ё “Софӣ” дар ин видео мегӯяд, ҳар зан мехоҳад, ки дар хона бишинаду фарзандонашро нигоҳубин кунад ва зиндагии хуб дошта бошад. Аммо, меафзояд Рухшона, “ман агар кор намекардам, фарзандони маро ҳеҷ кас намехӯронаду намепӯшонад. Ман дар зиндагӣ ҳам мард будам, ҳам зан”. Ишораи блогер ба ин аст, ки дар баробари корубори хона ва тарбияи фарзандон таъминоти оила низ дар гардани ӯ буд ва ба болои ин, пайваста аз ҷониби шавҳараш мавриди зӯроварӣ қарор мегирифт.

Рухшона мегӯяд, ин зиндагии пур аз хушунатро 5 сол таҳаммул кард. “Умед доштам, ки ислоҳ мешавад, ба хотири фарзандон тоқат кардам. Ҳатто ба хешу табораш муроҷиат кардам, ки насиҳаташ кунанд, вале нашуд…”, – мегӯяд Рухшона.

Ӯ овозаҳову гумонҳо дар бораи инро, ки гӯё хиёнати ӯ ба шавҳараш метавонист сабаби хонавайронии онҳо шавад, рад карда, мегӯяд, ҳеҷ гоҳ бе иҷозати шавҳар аз хона берун намерафт , домани пок дошт ва шавҳараш низ ба покдомании ӯ шубҳае надошт.

“Ман нафақат аз тарси шавҳар, балки аз тарси Худованд ин корро намекардам, зиндагии ҳаром пеш намебурдам ҳеҷ гоҳ”, – мегӯяд блогер.

Ӯ аз мақомот изҳори сипос кард, ки ба қазияаш расидагӣ карданд. Рухшона мегӯяд, ҳоло нигарони рӯзест, ки шавҳараш аз ҳабс мебарояд.  “Намедонам, чӣ мешавад? Ҳарчӣ бодо бод! Ман агар ягон гуноҳ медоштам, майлаш, вале ман шоистаи чунин муносибат набудам. Бовар кунед, ягон зан то тоқаташ тоқ нашавад, ин корро намекунад. Ман ҳам баъди 5 соли сабру тоқат маҷбур шудам, ки шавҳарамро бо дасти худам ба милиса бисупорам…” – мегӯяд Рухшона.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 13 июни соли 2024 хабар дод, ки бар асоси шикояти блогер Рухшона Раҳматуллоева, ки бо тахаллуси Soffi_1111 маъруф буда, дар Инстаграм беш аз 400 ҳазор обуначӣ дорад, шавҳари ӯ Умед Раҳматуллоевро 7 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Милитсияи пойтахт ҳабси Раҳматуллоевро “оқибати муносибати носолими оиладорӣ” номида, навишт, “ҳамдигарфаҳмию эҳтиром ва риояи одобу ахлоқи оиладорӣ асоси бунёди оилаи солим ба шумор мераванд. Вале дар аксар маврид вуҷуд надоштани чунин омилҳо боиси парокандашавии оилаҳо ва сар занади ҳодисаю воқеаҳои фалокатбор мегардад”.

Бино ба иттилоияи нашршуда, аз ҷониби кормандони раёсати корҳои дохилии пойтахт муроҷиати электронии шаҳрванд Рухшона Раҳматуллоева, ки аз шиканҷаву бадрафтории шавҳараш шикоят кард, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷаи санҷиши муроҷиати ин зан, шавҳари ӯ шаҳрванд Раҳматуллоев Умед Ахмедович, санаи таваллудаш 10.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ дастгир карда шуд.

Милитсия дар шарҳи ин қазия гуфт: “Зимни санҷиши холисонаву ҳамаҷониба, пурсиши гумонбару ҷабрдида ва шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат, муддатест, ки дар муносибатҳои оиладории номбурдагон нофаҳмӣ ҷой доштааст.”

Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати шаҳрванд Раҳматуллев Умед протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъйин карда шуд.

Худи Умед Раҳматуллоев ё наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.

Вале қаблан ҳамсари ӯ Рухшона Раҳматуллоева дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри як навор хабар дод, ки аз рафтори шавҳараш Умед, ки бо ҳам 5 сол зиндагӣ карданд ва 3 фарзанд доранд, ба ҷон омадааст, зеро ӯ ҳар рӯз бо корд ташдиди куштанаш мекунад ва шиканҷаю озораш медиҳад.

Рухшона Раҳматуллоева гуфт, маҷбур шуд, ки ҳамроҳи фарзандонаш аз хона фирор кунад, вале шавҳараш ӯро таъқиб мекунад ва таҳдид кардааст, ки агар пайдояш кунад, мекушад. Ӯ аз мақомот ҳам шикоят кард, ки бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрораш ягон чора надиданд.

Ҳар рӯз зиндагии ман бо таҳдиди куштан аст, маро маҷбурӣ қапидааст, оё қонун ҳаст барои ҳаминхел одамон?”  – гуфтааст блогер.

Рухшона Раҳматуллоева, мутахаллис ба Soffi_1111, ки чеҳраи зебо дорад, дар саҳифааш дар Инстаграм асосан ҳусни худро бо либоси гуногун ба намоиш мегузорад ва гоҳо маҳсулоти ягон ширкатро тарғиб карда, ҳар сари чанд вақт бозиҳо дар шакли “гив” низ мегузаронад.

Масъалаи зӯроварии оилавӣ ва ба сари ҳамсарашон даст бардоштани шавҳарон ва таҳти озори ҷисмонӣ ё фишори равонӣ қарор додани онҳо аз ҷониби шавҳар ва аҳли хонаводаи шавҳар аз масоили доғи ҷомиаи Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар кишвар ҳар сол то 600 мавриди худкушӣ ё қасди худкушӣ рух медиҳад.  Бахши аъзами онҳое, ки қасди ҷони худ мекунанд, занонеанд, ки аз фишору хушунат дар оила ба ҷон меоянд, вале роҳи дигареро барои наҷоти худ аз ин вартаи муҳликро намебинанд ё намеёбанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button