ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

СЕ ЗОИРИ ТОҶИКРО ДАР МАККА БА ХОК СУПОРИДАНД. ШУМОРАИ ЗОИРОНИ АЗ ГАРМО ҲАЛОКШУДА АЗ 1000 ГУЗАШТ

Се зоир аз Тоҷикистонро, ки дар маросими Ҳаҷ ба иллати гармои шадид фавтиданд, дар Арабистони Саудӣ ба хок супурдаанд. Дар ин бора рӯзи 21 июни соли 2024 дар Кумитаи дини Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои ин ниҳод, ки умури ба Ҳаҷ фиристодани зоирон аз Тоҷикистонро низ дар даст дорад, зоирони ҳалокшуда аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва якеи дигар аз ноҳияи Фархор буданд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории фаронсавии Франс-Пресс хабар дод, ки шумори қурбониёни гармои тоқатфарсо дар Маккаву Мадина аз 1000 нафар гузашт. Аксари онҳо зоирони аз кишварҳои гуногун ба маросим Ҳаҷ омада, аз ҷумла 659 нафараш аз Миср будаанд.

Франс Пресс дар гузоришаш гуфт:  “Дар ҷараёни Ҳаҷ, ки имсол дар Арабистони Саудӣ дар шароити гармои шадид доир шуд, беш аз 1000 нафар ҷон бохтаанд. Ин рақам натиҷаи ҳисобу китоби маълумотест, ки Франс Пресс аз кишварҳои гуногун ҷамъоварӣ кардааст. Ба гуфтаи як дипломати араб, дар байни зоирони мисрӣ боз 58 нафар фавтиданд ва дар натиҷа шумораи ҳоҷиёни мсирии дар ҷараёни маросими Ҳаҷ фавтида ба 658 нафар расид. Аз ин шумор 630 нафараш ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ омада будаанд”.

Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтаанд, ки бозгашти аввалин гуруҳҳои зоирони тоҷик баъди анҷоми маносики Ҳаҷ алакай 23 июн оғоз меёбад. Имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ба Ҳаҷ сафар карданд. Ин назар ба солҳои қабл бештар аст, чунки қаблан квотаи барои Тоҷикистон ҷудошуда ирсоли танҳо то 6300 зоирро иҷозат медод.

Гармои шадиде, ки ҳафтаи равон  дар рӯзҳои анҷоми маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ҳукмфармо шуд, боиси ҳалокати садҳо ҳоҷӣ ва дар бемористонҳо бистарӣ шудани то 3 ҳазор зоири дигари офтобзада гардид.

Рӯзи душанбе, 18 июни соли 2024, ба гуфтаи ҳавошиносон, ҳарорати ҳаво дар Макка тибқи ҷадвали Тселсий то 51,8  дараҷа расидааст. Рӯзи сешанбе, 19 июн ҳаво дар инҷо як каме “салқинтар”, ҳамагӣ то  47 дараҷа гарм шудааст. Ҳарорат дар Маккаву Мадина  баъди ин батадриҷ каме пойинтар рафт, вале боз ҳам ҳатто дар соатҳои шабона ҳарорат аз 40 дараҷа болотар боқӣ мемонад ва ба ин далел эҳтимоли боз ҳам афзудани шумораи қурбониёни гармои шадид пешбинӣ карда мешавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое мечарханд, ки дар кӯчаҳо афтодану ҷо ба ҷо мурдани чандин зоири офтобзадаро намоиш медиҳанд. Вале мақомоти Арабистони Саудӣ ҳалокати ҳоҷиён бар асари гарморо рад мекунанд. Намояндаи вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ эътироф кардааст, ки беш аз 2 ҳазор зоир бар асари гармо бистарӣ карда шудаанд, вале иддао кардааст, ки касе аз зоирон имсол аз гармо ҷон набохтааст.

Вале Франс Пресс дар бораи ҳалокати садҳо зоир дар ҷараёни маросими Ҳаҷҷи имсола хабар дода, навишт, аз ин шумор фақат як зоир зери пойи издиҳом монда, ҷон бохтааст, вале бақия, ба гуфтаи дипломатҳо, қурбони гармои кушанда шудаанд. Бино ба хабарҳо, ҷасадҳои аксари зоирони ҳалокшуда дар ҳоли ҳозир дар морг, ё мурдахонаи Ал-Муайзам, яке аз бузургтарин мурдахонаҳои Макка нигоҳ дошта мешаванд.

Бино ба омори расмии вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ, соли 2024 барои адои маносики Ҳаҷ аз даҳҳо кишвари дунё беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар ба Маккаву Мадина омадаанд. Бар илова, 220 ҳазор нафар аз сокинони худи Арабистони Саудӣ низ ба Ҳаҷ омадаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button