ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ ДУ КИЛО ТИЛЛО ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО ӮЗБЕКИСТОН (2 АКС)

Боҷхонаи вилояти Тошканд рӯзи 20 июни соли 2024 хабар дод, ки кормандонаш дар гузаргоҳи Бекобод дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон қариб ду кило тиллоро мусодира кардаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, ин миқдори бузурги маводи мухаддирро ду сокин мехостанд аз Тоҷикистон ба таври қочоқӣ ба Ӯзбекистон гузаронанд, вале ҳангоми тафтиши онҳо кормандони боҷхона 1 килою 696 грамм ороишоти гуногуни заргариро пайдо карданд. Маблағи умумии молҳои қочоқии ёфтшуда 2 миллиард сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 158 ҳазор доллари Амрико) баровард карда шудааст. Гузаргоҳи Бекобод дар марзи вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шуда, аз гузаргоҳҳои ҳамеша пуродам ба шумор меравад.

Дар ҳоли ҳозир тафтиши ин ҳодиса идома дорад. Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст.  Маълум нест, он ду нафари қочоқбар кист ва оё шаҳрвандони Тоҷикистонанд ё Ӯзбекистон? Дар хабари боҷхонаи вилояти Тошканд танҳо гуфта мешавад, ки ороишоти тиллоии ёфтшударо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд.

Қаблан, дар моҳи майи соои 2924 боҷхонаи вилояти Тошканд дар бораи ёфт шудани 59 кило ороишоти заргарӣ дар як автобус дар марзи Ӯзбекистон бо Қазоқистон хабар дода буданд.

Гуфта мешуд, ин автобус ба тарафи Ӯзбекистон ҳаракат мекард. Ҳангоми тафтиш дар гузаргоҳи Хишткӯпрук кормандони боҷхона 59 кило ороишоти заргариро аз дохили як чархи эҳтиётии автобуси мусофирбар пайдо кардаанд. Арзиши маҳсулоти заргарии ёфтшуда 1 миллиарду 700 миллион сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 134 ҳазор доллар) баровард шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button