ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР, АЗ ҶУМЛА ЗАНУ ШАВҲАР, ДАР 3 САДАМА ДАР ВАҲДАТУ ИСФАРА ВА ИСТАРАВШАН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 18 ва 19 июни соли 2024 дар 3 садама дар шаҳри Ваҳдату канори шашри Исфара ва дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қурбониёни ин садамаҳо аз 30 то 62 сол доштанд.
Бино ба гузориши ВКД, аз ҷумла 18-уми июни 2024, тахминан соати 11:00, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-РАВ-4”, Салимов Шаҳобиддин Шамсиддинович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Чиллазода Қурбоналӣ Ҳаёт, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст. Дар пайи ин “Опел-Вектра” аз роҳ баромада, ба ҷарии канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири “Опел” Гулмуродзода Дилафрӯзи Саидкарим, соли таваллудаш 1994, сокини Ваҳдат ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Шаби 18-уми июни соли 2024, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Камри», Аллаев Музаффар Эргашович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Яккабоғи ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини газкашони тамғаи «Мерседес Бенс Актрос», таҳти идораи Алиев Фарҳод Иззатович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Тойота” ва мусофири он ҳамсараш Наҷмиддинова Хайрӣ Маҳмадовна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
19-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай Портер», Атоев Шоҳиҷаҳон Давронҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Гумбазии ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Азимов Мақсуд Каримович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон Азимов М.К. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.