
Парда Қосим (Парда Қосимов), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, муаллифи таронаҳои машҳури “Тоҷикистон, аз манӣ!” ва “Абрӯ мапарон!”, рӯзи 21 июни соли 2024 дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Парда Қосим моҳҳои зиёде дар бистари беморӣ қарор дошт ва ба ин далел, фаъолияти эҷодиашро мутаваққиф карда буд. Наздиконаш гуфтанд, ки маросими намози ҷанозаи ҳунарманди маъруф рӯзи шанбе, соати 10:00 дар яке аз масчидҳои Душанбе баргузор мегардад ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад.
Яке аз пайвандонаш ба “Азия Плюс” гуфт, ки Парда Қосим чанд муддат боз бемории қанд дошт.
“Чанд вақт боз табобат мегирифтанд. Гурдаҳояшон ҳам иллат пайдо карда буд. Имрӯз, 21 июн, тақрибан соати 16:50 дар хона аз дунё чашм пӯшиданд”, – гуфтааст ӯ.
Парда Қосим 13 октябри соли 1947 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1965 омӯзишгоҳи ҷумҳурияви маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ)-ро хатм карда, беш аз сӣ сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодӣ» дар қасри фарҳанги ноҳияи Панҷ буд. Аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии «Лола» буд.
Парда Қосим барои фаъолиятҳои эҷодиаш бо ордени “Нишони фахрӣ” сарфароз гардонида шуда, соли 1990 унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2001 унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро ба даст овардааст.
Барномаи эҷодиаш аз осори шуарои классик ва муосири тоҷик, таронаю оҳангҳои шӯху дилнавоз ва ҳам рақсиву тӯёнаи тоҷикӣ ва дигар халқҳои Машриқзамин таркиб ёфта, таронаҳои аз ҳама машҳураш «Бародарам», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Қӯшчинор», «Қошуқ метарошам», «Сурӯши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Дилбари панҷӣ», «Наврӯзи оворагӣ», «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», «Муроде талабам», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Дурри ноёб», «Рӯзи доварӣ», «Борҳо гуфтаам», «Гаҳвораи Сино», «Абрӯ мапаррон», «Сайри лолазор», «Ошён монад», «Эй дард», «Мардумаки дида», «Маҳтобаки ман», «Дило», «Қаламқош», «Бӯса ба дарё задам», «Афсона хоҳам шуд», «Шаби барфӣ» мебошанд, ки ҳаводорони зиёд пайдо кардаанд.
Парда Қосим ба баъзе сурудҳо худаш оҳанг навишта, ба ӯзбекӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст. Ӯ ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода буд.
Аммо, бидуни шак, таронае, ки аз ҳама бештар Парда Қосимро маъруф кард, «Тоҷикистон аз манӣ» мебошад. Ин тарона ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ хеле хуш омада буд ва ӯ чанд дафъа ҳангоми ин таронаро хондани Парда Қосим бо ӯ ҳамовозӣ кардааст. Аз ҷумла дар тӯйи домодии писари калониаш Рустами Эмомалӣ.