ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ЖУРНАЛИСТ ВА РОВИИ МАЪРУФ СУБҲОН ҶАЛИЛОВ МУДИРИ РАДИОИ “АЗИЯ ПЛЮС” ШУД

Субҳон Ҷалилов, журналист ва ровии маъруфи тоҷик мудири барномаҳои радиои “Азия+” таъйин шудааст  Дар ин бора рӯзи 21 июни соли 2024  саҳифаи фейбсукии “Фонус” хабар дод.

Субҳон Ҷалилов баъди солҳои тӯлонии кор дар дигар расонаҳои радиоии Тоҷикистон ахиран ба радиои “Азия Плюс” пайваста ва ҳоло дар ин расона барномаи мустақими “ИМКОН”, ҳамчунин нашрҳои “Қурби асъор” ва “Аудиокитоб”-ро таҳия ва гардонандагӣ мекунад.

Боварнокарданист, вале Субҳон Ҷалилов бо вуҷуди яке аз журналистони матраҳ ва эътирофшуда буданаш, дар асл аз рӯи ихтисос муҳандиси соҳаи радиофизика ва электроника аст.

Субҳон Ҷалилов 26 декабри соли 1977 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 2000 шуъбаи радиофизика ва электроникаи риштаи физикаи Донишгоҳи он вақт давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Субҳон Ҷалилов солҳои 2000—2002 дар радиои Тоҷикистон, ва аз соли 2003 то 2022 дар радиои “Ватан” кор карда, бахусус ҳамчун муаллим ва муҷрии барномаи “Субҳи Ватан бо Субҳон Ҷалилов” ном баровард.

Субҳон Ҷалилов барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ  дар соли 2009 ва барандаи Ҷоизаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон — “Эътимод” буда, сазовори нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010) ва “Аълочии ТВ ва Радиои Тоҷикистон” шудааст.

Субҳон Ҷалилов дар солҳои охир машқи шеъру ҳикоянависӣ ҳам мекунад. Ду китоби дубайтиҳояш, ки ба мавзӯи модар бахшида шудаанд, нашр шудааст. Аксари ин шеърҳоро Субҳон баъди даргузашти модараш ва дар сӯги фироқи ӯ навиштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Чанд сол қабл (2012-2013), дар барномаи солинавии “ҳазлнюш”-и телевизиони “сафина” аз субҳон пурсиданд, ки дар соли нав чӣ таманниёт доред? Субҳон гуфт: мехоҳам имсол ровии маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи “роғун” бошам!
    Яъне, субҳон мехост нерӯгоҳ сохта ба итмом бирасад, аз инҷо эҳтироми банда ба субҳон бештар шуд!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button