ВидеоДин ва боварҳоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚОНУНИ МАНЪИ ҲИҶОБУ МАНЪИ ИДГАРДАКРО  ИМЗО КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 июни соли 2024 ба 35 қонун, аз ҷумла қонуни  ҷанҷолбарангези танзими ҷашну маросис ва қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» имзо гузошт. Қонунҳои имзошуда акнун дар матбуот нашр карда мешаванд ва дар пайи он ба иҷро медароянд

Хадамоти матбуоти президент гуфт: “Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав қабул гардида, ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд. Қонунҳои баимзорасида ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва қонунияту тартибот равона шудаанд”.

Ин дар ҳолест, ки тарҳи нави қонуни танзими ҷашну маросим, бахусус бандҳои марбут ба манъи ҳисоб ва манъи идгардак, дар дохил ва беруни Тоҷикистон ба мавҷи вокунишҳо ва норозигиҳо рӯбарӯ шуд ва бисёриҳо умед доштанд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон онро имзо нахоҳад кард.

Як рӯз қабл сомонаи расмии Маҷлиси миллӣ хабар дод, ки палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 19 июни соли 2024 дар иҷлосияи 18-умаш дар қатори беш аз 30 қонуни дигар қонуни баҳсбарангези танзими ҷашну маросимро низ пазируфт. Бар асоси таҳрири нави ин қонун, ки акнун барои имзо ба раисиҷумҳур ирсол мешавад, идгардаки кӯдакон дар идҳои мусалмонии Рамазон ва Қурбон ва ҳамчунин воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ карда мешавад. Мақомоти Тоҷикистон зери ибораи “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” асосан ҳиҷобро дар назар доранд ва ин далел, бисёриҳо таҳрири нави қонуни танзимро ҳамчун қонуни манъи ҳиҷоб ва манъи идгардак ном додаанд.

Бино ба иттилоияи расмӣ, “тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо»-ро, ки дар шакли мукаммал дар таҳрири нав қабул карда шудаанд, баррасӣ ва онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.”

Дар ин бора тафсилоти дигаре дода нашуд ва маълум нест, ки оё байни вакилон пиромуни манъи ҳиҷоб ва идгардак ягон баҳсу баррасӣ ё мубодилаи афкор сурат гирифтааст ё на?

Тағйироти асосӣ дар қонуни масъулияти падару модар ин бардошта шудани падару модар ҳамчун масъули ягона дар таълиму тарбияи фарзанд аст. Ҳангоми муаррифии тарҳи нави қонун дар Маҷлиси намояндагон  вазири маориф гуфт, азбаски аксари падару модарон барои муддати тӯлонӣ ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва тарбияи фарзандони худро ба хешовандони дигари худ, аз ҷумла ба бобою бибӣ, холаву тағо ё амаку аммаҳои фарзандонашон вогузор мекунанд, тасмим ин шуд, ки нафақат падару модар, балки дигар саробону парасторҳои кӯдакро низ барои хунукназарӣ дар таълиму тарбияи кӯдак ба ҷавобгарӣ бикашонанд. Дар ҳоли ҳозир, бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хунукназарӣ дар тарбияи кӯдакон ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи аз 216 то 360 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Аммо қонуни аз ҳама ҷанҷолбарангез тағйирот ба қонуни танзими ҷашну маросим буд, ки аз ду тағйироти умдааш якеаш манъи идгардаки кӯдакон аст, ки дар ҷомиаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёду асосан манфӣ ба бор овард. Аммо тағйироти дуюми умда дар ин қонун, ки ҳамчун манъи ҳиҷоб ном баровард, нафақат дар дохил, балки дар берун аз Тоҷикистон низ ба мавҷи вокунишҳои маҳкумкунанда рӯбарӯ шуд ва аз ҷумла дар Туркияву Афғонистон бархе рӯҳониён хутбаи намози ҷумъаро ба ҳамин мавзӯъ бахшида, аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон бо лаҳни тунд интиқод карданд.

Чанд рӯҳонии соҳибминбари афғон, аз ҷумла Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ ва Абдулқадири Ҳомӣ  дар мавъизаҳои худ ҳатто эълон карданд, ки агар ҳукумати Тоҷикистон аз манъи ҳиҷоб даст набардорад, ҷиҳод алайҳи он барои ҳама фарз мешавад. Абдулҳамид Хуросонӣ, як фармондеҳи тарафдори Толибон аз миёни тоҷикони Панҷшер низ баъди шурӯи рейдҳои зидди ҳиҷоб дар Тоҷикистон таҳдид ба оғози “ҷиҳод” ба зидди ҳукумати Тоҷикистон кард.

Ин даъватҳо ба ҷиҳод ба зидди ҳукумати Тоҷикистон як маъракаи густардаи таблиғотӣ дар дохили Тоҷикистонро бо иштироки рӯҳониён ва артиши бузурги “фермаи ҷавоб” дар пай дошт.

Чанд рӯҳонии шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, домулло Абдураҳими Қазоқонӣ ва домулло Суҳбатуллоҳ дар видеоҳояшон бо тақрибан айни мазмун ҳаққи рӯҳониёни афғон барои додани фатвои ҷиҳод ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро ба чолиш кашида, ба мазаммати онҳо пардохтанд, ки чаро ба зидди ливотагарӣ ё қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон эълони ҷиҳод намекунанд? Дар ҷараёни ин маъракаи таблиғотӣ ҳамчунин ба мардум талқин мекарданд, ки дар фаҳмиши тарҳи нави қонуни танзим сӯитафоҳум шудааст ва гӯё манзури мақомот аз манъи либоси “ба фарҳанги миллӣ бегона” манъи ҳиҷоб набуд, балки танҳо либосҳои арабиву туркиеро дар назар доштаанд.

Аммо бар асоси тағйироте, ки Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Кумитаи дин рӯзи 9 майи соли 2024 қабул кард, воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ карда мешавад.

Мояи дигари норозигиҳо ин шуд, ки ҳанӯз ин қонун ба иҷро надаромада, дар идораҳои давлатӣ, аз ҷумла дар бемористонҳо гуруҳҳои махсус ташкил шуданд, ки дар пеши дари ин муассисаҳо истода, занону духтарони ҳиҷобпӯшро маҷбур мекарданд, ки аввали ҳиҷоби худро аз сар кашида, ба шакли “тоҷикӣ”, яъне ба тарафи қафо бубанданд ва баъд дароянд. Занону духтарони ҳиҷобпӯшро ҳатто тарс медоданд, ки барои пӯшидани ҳиҷоб гӯё 3500 сомонӣ ҷарима муқаррар карда шудааст.

Баъди вокунишҳои шадид ва даъватҳо ба ҷиҳод рейдҳои зидди ҳиҷоб дар Тоҷикистон зоҳиран сусттар шуд. Бархе таҳлилгарон худи ин пешниҳоди манъи либоси “ба фарҳанги миллӣ бегона”-ро, ки дар ҷомиа ҳамчун манъи ҳиҷоб қабул шуд, авантюра ва ҳатто “подстава”, яъне дар як шароити ногувор қарор додани ҳукумат номида, умед доштанд, ки афроди солимақл дар дохили ҳукумат пеши роҳи ин фитнаро гирифта, ин қонуни баҳсбарангезро ҳанӯз қабул ношуда, бекор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Эмомалӣ Раҳмон беш аз 30-сол аст, ки аз “мубориза бар зидди терроризм” сухан мегӯяд, аммо (ба қавли тоҷикон) “омад-омад” дар вақти “салтанати толибон” қонунеро имзо кард, ки чоҳканро зери чоҳ мебарад. Дар пайи ҳукми қонунӣ гирифтан, ҳатман “рейдҳо”-и густурда гузаронида мешавад ва интернет пур аз видеоҳои “рейд” хоҳад шуд, ки таъби дили “ҳассосон” ва фурсатталабон хоҳад буд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button