ВидеоИқтисод

МАЪРУФ ҚАЮМОВ – ДЕҲҚОНИ БАНАНПАРВАРИ ТОҶИК АЗ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН (ВИДЕО)

Маъруф Қаюмов, сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон имсол ҳосили сеюми дарахтони бананашро мечинад. Ду соли ахир аст, ки Маъруф Қаюмов хонаводаашро бо ин навъи мева таъмин менамояд.

Маъруф Қаюмов 20 адад ниҳоли бананро аз Ӯзбекистон барои таҷриба овард ва талошҳояш натиҷа доданд. Ӯ дар аввал чандон бовар надошт, ки чунин навъи мева ба иқлими минтақаи онҳо тобовар буда, ҳосил медиҳад.

Ҷайҳун аз ноҳияҳои пешсаф дар истеҳсоли лимӯ маҳсуб ёфта, ҳамасола аз ин ноҳия даҳҳо тонна лимӯи хушсифат истеҳсол ва ба хориҷ содир мегардад.

Маъруф мехоҳад парвариши меваҳои тропикиро дар Тоҷикистон бештар намояд. Ӯ на танҳо банан, балки меваи африқоии папайяро низ парвариш кардааст.

Маъруф Қаюмов дарахтони бананро дар гармхона парвариш мекунад. Дар сардиҳои зимистон ҳарорати гармхона рӯзона 28 дараҷа ва шабона 18 дараҷа бояд бошад. Дарахти банан дар як сол то  3 – 4 маротиба ҳосил медиҳад. Ҳар як дарахт то 200 дона банан ба бор меорад.

«Мехоҳам ананасро ҳам парвариш кунам ва маҳсулоти ватаниро зиёд карда, бозорҳои ҷумҳуриро бо ин навъи маҳсулот таъмин намоям», – мегӯяд ӯ.

Маъруф Қаюмов қаблан ба парвариши ниҳолони помидору қаламфур машғул буд. Деҳқонӣ ягона манбаи даромади хонаводааш аст.

Ҷом.Тҷ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button