МАНБАЪҲО МЕГӮЯНД, АКБАРШО ИСКАНДАРОВ ВА ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БОЗДОШТ ШУДААНД
Манобеи гуногун аз Душанбе хабар медиҳанд, ки рӯзи 12 июни соли 2024, дар рӯзи боздошти вакили парлумон ва номзади собиқ ба президентии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, боз чанд сиёсатмадори маъруфи дигар, аз ҷумла собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва раиси собиқи Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров ва вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири собиқи ин кишвар дар Амрико ва Япония Ҳамрохон Зарифӣ низ боздошт шудаанд. Мақомот то кунун дар бораи боздошти афроди дигар дар парвандаи Усмонзода, ки ба “ғасби ҳокимият” ва дархости 10 миллион доллар аз намояндаи як кишвари хориҷӣ барои амалӣ сохтани ин нақша айбдор мешавад, ягон иттилоъ надодаанд, ҳарчанд додситони кул рӯзи июн, вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзода ва иҷозати ҳабси ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода “ва дигарон” кушода шудааст. Ӯ он вақт ифшо накард, ки “ва дигарон” киҳоянд?
Акбаршо Искандаров 73 сол ва Ҳамрохон Зарифӣ 75 сол дошта, ҳарду чанд сол боз бознишаста шудаанд. Маълум нест, ки оё боздошти онҳо бо парвандаи Усмонзода рабт дорад ё на?
Бархе манобеъ мегӯянд, гӯё Саидҷаъфар Усмонзода баъди мулоқоти махфиаш бо як генерали рус бо чанд нафар, аз ҷумла бо Искандаров ва Зарифӣ, мулоқотҳое доштааст ва ҳоло ҳамаи онҳоеро, ки бо Усмонзода тамос доштанд, бозҷӯӣ карда истодаанд.
Сарусадоҳое ҳам вуҷуд дорад, ки гӯё он генерали рус зимни сафари махфиаш ба Тоҷикистон нафақат бо Усмонзода, балки боз бо чанд нафари дигари бонуфуз суҳбатҳо доштааст ва ҳоло ҳамаи онҳое, ки пои суҳбати он гумоштаи мақомоти ҷосусии Русия нишаста буданд, зери заррабини мақомот қарор гирифтаанд.
Тасдиқи ин иддао тавассути манобеи мустақил дар ҳозир ҳозир ғайримумкин ба назар мерасад.
Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ки Акбаршо Искандаровро ҳамроҳи ронандаи собиқаш дастгир кардаанд. Ронандаи ӯро баъди чанд рӯз ҷавоб додаанд, чунки маълум шудааст, ки ӯ 5 соли охир бо Искандаров кор намекардааст, балки машғули табобаташ аз як бемории ҷиддӣ будааст.
Дар бораи сарнавишти худи Искандаров ва ба чӣ гумонбар ё айбдор шудани ӯ иттилои дақиқе дар даст нест, мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд, вале як манбаъ хабар дод, ки рӯзи 14 июн хонаи Искандаровро дар маҳаллаи Ҳаёти нав кофтуков кардаанд. Маълум нест, ки дар хонаи Искандаров тафтишот чӣ меҷуст ва чӣ далелҳое аз онҷо пайдо кардааст, вале шоҳидон гуфтанд, ки “мақомот аз хонаи Искандаров он рӯз чизи зиёд бароварда, бо худ бурданд”.
Ҳамрохон Зарифӣ низ ба гуфтаи манобеъ, рӯзи 12 июн, дар як рӯз бо Саидҷаъфар Усмонзода дастгир шудааст. Мақомот дар бораи боздошти ӯ низ ягон шарҳ надодаанд ва дақиқан ба чӣ айбдор шудани ӯ низ маълум нест, вале радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои “Озодӣ”) бо такя ба як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон хабар дод, ки “боздошт ба ҷинояти иқтисодӣ ва ба кораш дар сохтмони бинои вазорати корҳои хориҷӣ рабт дорад.” Бинои 8-қабатаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар маркази Душанбе, дар наздикии Қасри миллат ва милаи Парчам дар замони вазирии Зарифӣ бо харҷи 73 миллион сомонӣ (тақрибан 15 миллион доллар бо қурби он солҳо) сохта шуда, 15 марти соли 2023 ба истифода дода шуда буд.
Як манбаи радиои зану шӯ Аюбовҳо ҳамчунин хабар додааст, ки Зарифӣ дастикам то 16 июн дар СИЗО, ё боздоштгоҳи ВКД нигоҳ дошта мешуд, вале ин манбаъ аз инки баъд ӯ куҷо шуд?, изҳори бехабарӣ кардааст. “Хабарҳое ба гӯш расид, ки пас аз бозпурсӣ раҳо шудааст, вале касе раҳоии ӯро тасдиқ накард”, – навиштааст ин расона.
Акбаршо Искандаров 1 августи соли 1951 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, солҳои 1991 ва 1992, замоне ки минҳайси раиси Шӯрои вакилони халқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам буд ва соли 1992 раиси Шӯрои олӣ шуд, чанд маротиба иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ҳам буд. Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 маҳз ба ҷои Искандаров раиси Шӯрои олӣ ва раҳбари аввали Тоҷикистон интихоб шуда буд. Баъди барканориаш аз раҳбарии кишвар, Искандаров солҳои зиёд дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва Қазоқистон кор карда, солҳои охир дар Академияи илмҳо кор мекард.
Ҳамрохон Зарифӣ 25 декабри соли 1948 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, соли 1971 риштаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1974 то 1993 дар сохторҳои КГБ кор карда, аз соли 1993 ба кори дипломатӣ гузашт. Зарифӣ аз соли 1996 то 2002 сафири Тоҷикистон дар Австрияву Маҷористону Словакия ва САҲА, аз 2002 то 2006 сафири Тоҷикистон дар Амрико, аз 2006 то 2013 вазири корҳои хориҷӣ ва баъдан то замони бознишаста шуданаш сафири Тоҷикистон дар Япония буд.