ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ҲАЛОКАТИ БЕШ АЗ 570 ЗОИР, АЗ ҶУМЛА 3 ТОҶИК, БАР АСАРИ ГАРМОИ ШАДИД ДАР ҶАРАЁНИ МАРОСИМИ ҲАҶ (ВИДЕО)

Гармои шадиде, ки ҳафтаи равон  дар рӯзҳои анҷоми маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ҳукмфармост, ба ҳисоби хабаргузории Франс-Пресс (AFP) боиси ҳалокати дастикам 576 ҳоҷӣ шудааст. Тақрибан 2700 нафари дигарро офтоб чунон сахт задааст, ки дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Рӯзи душанбе, 18 июни соли 2024, ба гуфтаи ҳавошиносон, ҳарорати ҳаво дар Макка тибқи ҷадвали Тселсий то 51,8  дараҷа расидааст. Рӯзи сешанбе, 19 июн ҳаво дар инҷо як каме “салқинтар”, ҳамагӣ то  47 дараҷа гарм шудааст. Ҳарорат батадриҷ як каме пойинтар рафт, вале боз ҳам ҳатто дар соатҳои шабона ҳарорат аз 40 дараҷа болотар боқӣ мемонад ва ба ин далел эҳтимоли боз ҳам афзудани шумораи қурбониёни гармои шадид пешбинӣ карда мешавад.

Имсол аз Тоҷикистон низ наздики 7 ҳазор нафар ба Ҳаҷ рафтаанд. Дар Кумитаи дини Тоҷикистон ба хабаргузории русии РИА Новости ҳалокати 3 зоири тоҷикро дар ҷараёни Ҳаҷҷи имсола тасдиқ кардаанд ва гуфтаанд, ки ҳарсеи онҳо қурбони гармо шудаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ин хабаргузорӣ, соли гузашта дар ҷараёни Ҳаҷ 4 зоир аз Тоҷикистон фавтида буданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое мечарханд, ки дар кӯчаҳо афтодану ҷо ба ҷо мурдани чандин зоири офтобзадаро намоиш медиҳанд. Вале мақомоти Арабистони Саудӣ ҳалокати ҳоҷиён бар асари гарморо рад мекунанд. Намояндаи вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ эътироф кардааст, ки беш аз 2 ҳазор зоир бар асари гармо бистарӣ карда шудаанд, вале иддао кардааст, ки касе аз зоирон имсол аз гармо ҷон набохтааст.

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои Франс Пресс, танҳо аз Миср 323 зоир дар Маккаву Мадина ҷон бохтаанд. Рӯзи 18 июн маҷаллаи фаронсавии “Le Monde” дар бораи ҳалокати 136 зоир аз Индонезия хабар дод. Мақомоти Урдун ҳалокатти 35 зоир аз ин кишварро тасдиқ кардаанд. Тунис аз марги 35 зоир, Эрон аз ҷон додани 11 нафар ва кишвари африқоии Сенегал аз ҳалокати се шаҳрвандаш дар Арабистони Саудӣ хабар дод. Хабаргузории русии РИА Новости бо такя ба консулхонаи Русия дар Риёз хабар дод, ки имсол дар Арабистони Саудӣ 4 зоир аз Русия низ  вафот кардаанд. Франс Пресс ин ҳама маълумот  аз манобеи дипломатиро баршумурда, дар бораи ҳалокати дар умум 577 зоир дар ҷараёни маросими Ҳаҷҷи имсола хабар додааст. Аз ин шумор як зоир зери пойи издиҳом монда, ҷон бохтааст, вале бақия, ба гуфтаи дипломатҳо, аксаран қурбони гармо шудаанд. Бино ба хабарҳо, ҷасадҳои 550 зоири ҳалокшуда дар ҳоли ҳозир дар морг, ё мурдахонаи Ал-Муайзам, яке аз бузургтарин мурдахонаҳои Макка нигоҳ дошта мешаванд.

Бино ба омори расмии вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ, соли 2024 барои адои маносики Ҳаҷ аз даҳҳо кишвари дунё беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар ба Маккаву Мадина омадаанд. Бар илова, 220 ҳазор нафар аз сокинони худи Арабистони Саудӣ низ ба Ҳаҷ омадаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button