ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ҲАБСИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ КУШТАНИ ШАМЪҲО ДАР КАЛИСОИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Зюзинои шаҳри Маскав, пойтахти Русия рӯзи 19 июни соли 2024 шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Бӯтаев Аскар Алиҷоновичро барои хомӯш кардани шамъҳо дар як маъбади православӣ барои ду моҳ ба ҳабс гирифт.  Телеграм-канали “Суды общей юрисдикции Москвы”  хабар дод, ки Аскар Бӯтаев то 18 августи соли 2024 дар ҳабси пешакӣ хоҳад монд. Баъдан бо дархости тафтишот замони ҳабси ӯро метавонанд боз тамдид кунанд.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки ба зидди Аскар Бӯтаев бар асоси моддаи 148, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми “поймол кардани ҳуқуқи озодии эътиқод бо истифода аз зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он” парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Худи Бӯтаев ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, Аскар Бӯтаев рӯзи 18 июни соли 2024 рӯзона ба маъбади Фёдор Ушаков, воқеъ дар минтақаи Южное Бутово, дар наздикии истгоҳи метрои “Бульвар адмирала Ушакова”,  омада, дар дохили маъбад “нисбат ба мазҳаби православӣ беэҳтиромӣ зоҳир карда, бо мақсади таҳқири эҳсосоти динии пайравони мазҳаби православӣ  шамъҳоеро, ки диндорон дар ҷараёни маросими динӣ фурӯзон карда буданд, хомӯш кардааст. Яъне ӯ дар маҳзари ом даст ба амалҳое задааст. Ки беэҳтиромии ошкор ба ҷомиа бо мақсади таҳқири эҳсосоти мазҳабии диндоронро намоиш медиҳанд”. Сарраёсати тафтишоти Маскав гуфт, ба болои ин, Бӯтаев баъди хомӯш кардани шамъҳо як зани намозгузорро, ки ба рафтораш эрод гирифта буд, тела додааст.

Дар видеое, ки намозгузорон сабт ва Телеграм-канали “База” нашр кард, дида мешавад, ки як ҷавон ҷойнамоз дар даст вориди маъбад шуда, шамъҳоро хомӯш мекунад ва парвое ҳам надорад, ки ӯро дар ин лаҳза дар видео сабт карда истодаанд.

Бино ба иттилои дарёфтии “База”, “Аскар ҳамагӣ чанд рӯз қабл ба Маскав омада, дар як ҳостел дар қарибии маъбади Фёдор Ушаков зиндагӣ мекард” ва “танҳо баъди хомӯш кардани ҳамаи шамъҳои фурӯзон маъбадро тарк кард”.

Ба Аскар Бутаев бар асоси қисми чоруми моддаи 148 Кодкекси ҷиноятии Русия барои таҳқири эҳсосоти мазҳабӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 200 ҳазор рубл, корҳои ҳатмӣ ба муддати 480 соат, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ваё корҳои маҷбурӣ ё ҳукми зиндон ба муҳлати то як сол таҳдид мекунад. Бӯтаевро, ки шаҳрванди хориҷист, баъди адои ҷазо аз Русия депортатсия ҳам мекунанд. Бо дарназардошти амали содиркардааш ба эҳтимоли ғолиб ӯро ба муҳлати даҳҳо сол ва шояд ҳатто умрбод аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум хоҳанд кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button