ВидеоСиёсатТоҷикистон

БА ПАРВАНДАИ УСМОНЗОДА “МУҲРИ МАХФӢ” ЗАДАНД


Додситонии кулли Тоҷикистон ба парванди Саидҷаъфар Усмонзода ва ҳамроҳонаш “муҳри махфӣ” гузоштааст.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили порлумони Тоҷикистон рӯзи 12-уми июн бо гумони “ғасби ҳукумат” боздошт шуд.

Шамсиддин Асламзода, муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо сабаби “муҳри махфӣ” гузоштан ба парванда ва салоҳияти суҳбат надоштан ваколати додани ҷузъиёт дар ин бораро надорад.

Рӯзи 12-уми июн Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар порлумон аз вакилон хост, ки мақоми вакилии Саидҷаъфар Усмонзодаро бекор кунанд.

Вакилони порлумон аз дахлнопазирӣ бархӯрдоранд ва агар он бекор нашавад, мақомот ҳаққи ҳабси вакилро нахоҳанд дошт. Ҳамаи 56 вакили ҳозир дар ҷаласаи порлумон ба тарафдории бекор кардани мақоми вакилии Усмонзода раъй доданд.

Юсуф Раҳмон дар порлумон гуфт, ки Усмонзода “ва дигарон” нақшаи ғасби ҳокимиятро доштанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки “ва дигарон” кӣ дар назар аст, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дипломати собиқадор боздошт шудааст. Бархе боздошти ӯро ба парвандаи Усмонзода ва бархе ба “ҷинояти иқтисодӣ” рабт медиҳанд. Расман мақомот шарҳ надоданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон, ки ин парвандаро тафтиш мекунад, барои дарёфти ҷузъиёти дигари қазия дархости расмӣ талаб кард.

Наздикони Саидҷаъфар Усмонзода ҳам аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ карданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ 20-уми июни соли 2024 барои дарёфти ҷузъиёти бештар ба хонаи Усмонзода рафт. Яке аз бастагонаш гуфт, ки онҳо ба расонаҳо гап намезананд, зеро чизеро намедонанд. Наздиконаш гуфтанд, ҳатто онҳо намедонанд, ки Усмонзода дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад ва аз замони боздошт ӯро надидаанд.

Ба ҷойи кораш мерафту меомад ва вақтҳои ахир як каме бемор буд, дар хона дору истеъмол мекард ва барои дармон чакак (система) мемонд,” – гуфт як тан аз наздикони Усмонзода.

Саидҷаъфар Усмонзода пеш аз боздошт талош дошт, то исбот кунад, ки ӯро ғайриқонунӣ гурӯҳе аз раҳбарии Ҳизби демократи Тоҷикистон барканор кардаанд. Аввали моҳи май гурӯҳе, ки худро узви ҲДТ медонистанд, дар ҷалассае ӯро барканор ва ба ҷояш Шаҳбози Аброр, рӯзноманигори чанд расонаи давлатиро раҳбар интихоб карданд.

Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси ҲДТ эътироф кард, вале Усмонзода ба ин розӣ набуд.

Ҳанӯз ҷузъиёти боздошти Саидҷаъфар Усмонзода маълум нест.

Манбаъ: радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бисёрҳизбӣ зери сояи диктатура мисли бисёрпулӣ зери сояи “девальвация” ва “инфляция” аст.
    Парлумони тоҷик: дахлнопазирӣ ҳам дорем, имконпазирӣ ҳам дорем, тағйирпазирӣ ҳам дорем!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button