ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ 5 НОБОЛИҒ ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНИИ ХУНИН ВА ҚАТЛИ ЯК НАВРАС ДАР ДУШАНБЕ                                                                                                                                                             

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 20 июни соли 2024 ба муроҷиати як сокини пойтахти Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин ки гӯё занозании хунини моҳи май байни наврасон, ки боиси ҳалокати як наврас шуд, дар сатҳи зарурӣ мавриди тафтиш қарор дода нашудааст, расман посух дод.

Милитсияи пойтахт гуфт, муроҷиати мазкур бевосита аз ҷониби роҳбарияти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуд ва бар асоси натиҷаҳои санҷиш, “расман ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҳодисаи мазкур ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд”.

Шаби  9-уми майи соли 2024, тахминан соати 20:40, дар кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур, аз сабаби нофаҳмиҳои қаблан вуҷуддошта ду гурӯҳ ноболиғон дар ҷойи ҷамъиятӣ бо истифода аз олоти халандаю бурранда ҳамдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷаи ин муноқиша ва бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ, ноболиғ Хушвахтов Расул дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Милитсия гуфт, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрвандон:

  1. Шарипов Беҳрӯз Меҳроҷович, санаи таваллудаш 06.07.2007, сокини ш.Душанбе, к.Рӯдакӣ;
  2. Раҷабзода Умар Холмаҳмад, санаи таваллудаш 22.06.2007, сокини ш. Душанбе, маҳаллаи Қаротегин;
  3. Самадов Абдураҳмон Қаҳрамонович, санаи таваллудаш 01.10.2006, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Саҳбо;
  4. Мадхолов Идрис Тоҷиддинович, санаи таваллудаш 29.11.2008, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ ва
  5. Яъқубов Муҳаммад Баҳриддинович, санаи таваллудаш 09.06.2008, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев дастгир карда шудаанд.

Дар робита ба ҷинояти мазкур нисбат ба ин 5 нафар тибқи талаботи моддаҳои 237 ва 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳомоти авбошии гуруҳӣ ва расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон шудааст, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Вақтҳои охир дар Душанбе ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон занозаниҳои хунин байни наврасон зиёд  шудааст. Бархе инро ба таъсири сериали русии “Слово пацана” (“Қавли бачаи кӯча”) рабт медиҳанд, ки чунин саҳнаҳои хунин зиёд дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button