Хабарҳои кӯтоҳ
ХАТАРИ ОМАДАНИ СЕЛҲО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 17 ИЮН БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 15-17 июни соли 2024 дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад. Дар ин иртибот Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.
Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.