Хабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО 915 000 РУБЛ ВА ДУЗДИИ 12 500 СОМОНӢ АЗ БОЗОРИ КӮЛОБ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 15 июни соли 2024

Ошкор шудани қаллобии марди 32-сола

192

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини шаҳри Конибодом моҳи феврали соли 2023 дар ҳудуди шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи Деваштич даромада, худро ҳамчун соҳибкор муаррифӣ намуда, бо баҳонаи аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» аз ӯ дар чанд ҳолат, дар умум 915 ҳазор рубли русӣ (баробар ба 133 ҳазору 132 сомонӣ) гирифта, ягон амалро иҷро накарда, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати худаш сарф намудааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошти марди 34-сола бо ҷурми дуздӣ

146

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи зани 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ворид гардидааст, ки 12-уми июни соли 2024, соати 08:30-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили мағозаи фурӯши матои занона, воқеъ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб маблағи 12 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button