Номаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

ОҶИЛ! ҲАБСИ САИДҶАЪФАР УСМОНЗОДА БО ИТТИҲОМИ ОМОДАГӢ БА ҒАСБИ ҲУКУМАТ

Рӯзи 14 июни соли 2024 иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, палатаи поёни парлумони Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро бо пешниҳоди додситони кулл Юсуф Раҳмон аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум карда, ба ҳабси ӯ иҷозат дод.  Усмонзода ба кӯшиши ғасби ҳукумат бо маслиҳати пешакӣ бо роҳбарони оппозитсия айбдор мешавад. Дар ин бора бо нашри як гузориши муфассал хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Худи Усмонзода ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Гуфта мешавад, дар иҷлосияи рӯзи 14 июн танҳо як масъала – оид ба пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудан ва ба ҳабс гирифтани вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода С.У.» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Додситони кул генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон дар суханрониаш дар парлумон гуфтааст, ки Додситонии кул ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода бар асоси қисми дуюми моддаи 306  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми кӯшиши бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият парванда кушодааст.

Бино ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, тафтишот муайян намуд, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти оппозитсионии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.

Шарофиддин Гадоев гӯё ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, гӯё интиқоли зиёда аз се ҳазор ҷанговарони созмони мамнӯи «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Юсуф Раҳмон афзуд: “Саидҷаъфар Усмонзода ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст. Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд”.

Ба иддаои додситони кул, гӯё Саидҷаъфар Усмонзода барои ғасби ҳукумат аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллари Амрико хостааст.

Юсуф Раҳмон гуфт, 12 июни соли 2024 нисбат ба Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, Усмонзода хамчун гумонбар дастгир карда шуд. Ӯ нагуфт, ки манзураш аз “ва дигарон” кист? Оё Кабирӣ ва Гадоевро дар назар дорад ваё сухан дар бораи шарикони Усмонзода дар дохили  Тоҷикистон меравад?

Юсуф Раҳмон инро ҳам шарҳ надод, ки агар маслиҳати ӯ бо Гадоев моҳи сентябри соли 2021 шуда бошад, чаро танҳо баъди қариб 3 соли  он суҳбат ба зидди Усмонзода парванда кушода, ба ҳабсаш гирифтанд?

Тасдиқи ин иддаоҳо тавассути манобеи мустақил дар дохили Тоҷикистон имкон надорад, вале Юсуф Раҳмон дар суханрониаш дар парлумон гуфт: “Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводи парвандаи ҷииноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст”.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, бидуни розигии парлумон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ҳабси вакили парлумон мумкин нест ва ба ин далел, додситони кул аз Маҷлиси намояндагон хост, ки ба ҳабси Усмонзода розигӣ диҳанд. Парлумон ин пешниҳодро пазируфтанд.

 Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода қазияи Усмонзодаро “ҳолати нангин” номида, гуфтааст, “таҳаммул кардани кирдоре, ки шаъну эътибори вакилро паст мезанад, бисёр сангин ва нанговар аст”.

Ҳабси Саидҷаъфар Усмонзода дар ҳолест, ки моҳи май дар анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократ ӯро аз раисии ин ҳизб барканор ва ба ҷояш Шаҳбози Аброрро раиси ҳизб интихоб  карданд. Ҳарчанд вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси нави ҳизби демократ эътироф кард, вале Усмонзода он анҷуманро ғайриқонунӣ номида, ҳамчун раиси ҳизб ба фаъолият идома медод ва ҳатто ҷаласаи Шӯрои ҳизби демократро доир карда, Аҳмадшоҳ Комилзодаро, ки аз ташаббускорони асосии барканории худ мешуморид, аз муовинӣ ронд.

Саидҷаъфар Усмонзода аз камшумор вакилони парлумони Тоҷикистон буд, ки пиромуни масоили доғи Тоҷикистон ва минтақа то ҳадде озодтар изҳори назар мекард.

Бархе нозирони умур барканории қаблии Усмонзода аз раисии ҳизби демократ ва инак ҳабси ӯ бо иттиҳоми вазнини кӯшиши ғасби ҳокимиятро ба муборизаҳо дар дохили элитаҳои ҳоким дар Душанбе ва наздик будани Усмонзода ба Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рабт медиҳанд. Усмонзода ва Ятимов ҳарду аз Фархоранд ва бино ба иттилои дарёфтӣ, Усмонзода бо яке аз бародарони Ятимов қудо низ ҳаст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button